Пас аз фаъолияти бисёрсолаи худ ҳизби наҳзати ислом мақсадҳои аслии худро ошкор намуд, ки ин дар шаҳрвандон бедор кардани ҳисси бадбинӣ, кинаву адоват нисбати ҳукумати қонунии Тоҷикистон буд. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нангу номуси миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурд. Ҳизби наҳзати ислом, ин аз аҳзоби мухолиф ва танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Осиёи Миёна ва ҳамзамон дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.
Сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯххои муайян дар муборизахои сиесии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу харакатхои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар чомеа мехисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлхо бахои дурусти худро медиханд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки факат давлати дунявию демократӣ роххои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари хамаи ин низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин акида махз хато ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ханӯз доир ба фахмиш ва дарки дурусти мохияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемахо чой доранд. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди чомеа акидахои нодурусти динӣ ҷой доранд ки онхоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва акидахои носолими динии худро мехоханд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоханд, ки чахон мувофики хости онхо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди чомеа дар гузашта дузду чинояткор будаанд. Қисми зиёди чунин шахрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустакилонаи худ махрум шудаанд.
Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба накшахои худ аз дин мохирона истифода мебаранд ба монанди собик рохбари ҲНИ ки натичаи он дар давлатхои чанг рафтаистодаи Сурияи Араб Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд халок шудаанд. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиесии чахон ва тағйиру тахаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низохои байнимазхабӣ ва арзӣ чиноятхои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиесии шахрвандон ахамияти бағоят мухимро касб менамояд. Аз ин чост ки чомеаи чахонӣ бояд бидонад ки дар солхои мудхиши 1992-1995 миллати точик дар марзхои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва диниро ба дӯши худ гирифта ба ивази курбонихои чонӣ ва хисороти бузурги иктисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Тоҷикистон нерӯхои ифротгароии динӣ ва дигар давлатхои осиегии аъзои ИДМ мавкеи рохбарии худро дошта бошанд, аз ин чост, ки Чумхурии мо яке аз кишвархои камшуморест ки муқобили ин қабил озмоишхои ракобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро макоми худ кардааст фаъолиятхои зиедаравии динӣ ғарбарошуда корвони худро аз мамлакатхои Шарқ ба чойхои наздиктари мамлакатхои Ғарб интикол додаанд, ки холо бо номи созмони ифротгароию террористии дар либоси сиёхи дӯстдорони дини ислом корхои душманони онро бароварда хайр карда истодааст.
Ҳамаи намудхои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо карори Суди Конститутсионии Чумхурии Точикистон фаъолияти ин хизб дар худуди чумхурӣ катъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятхои гурӯхи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд ки мо сади рохи амалӣ шудани ниятхои онхо шавем ва хамеша дар корхои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иктисодиети чумхурӣ сахми худро гузорем. Дар шароити хозира маркази исломшиноси дар назди Президенти Чумхурии Точикистон хамчун маркази илмии тахлтлӣ бо масъулияти калон хукук ва ухдадорихои худро ичро карда истодааст.
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, фаъолияти ҲНТ дар масҷидҳо баромад намуда, аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва барпо намудани Ҷумҳурии исломии Тоҷикистон даъват менамуданд. Ин созмон бисёр ҷиноятҳои вазнин содир намуд. Рохбарони созмони ин ҳизб, яъне ҲНИ оқибат шикасти сахт хурда, ба Афғонистон фирор карданд. Моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ташкил намуданд, ки ба ҳайати он намояндагони ҲНИ шомил буданд. Аз солҳои 1992-1997 ҲНИ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон амал намуданд. Дар муддати ин солҳо борҳо бо сарҳади Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона бурданд. Лекин бо ташаббуси марзбонони Ватани азизамон онҳоро нагузошт то ба мақсади нопоки худ бирасанд.
Хуллас, мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутобиқи моддаи 4-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онҳо ба терроризм, зуроварӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ равона гардидааст ё маҳалгароӣ ва диниро ташвиқ менамоянд, манъ аст.
Мо ахли омузгорони ДИС ДДТТ сипосгузор ба Пешвои Миллат ва Ҳукумати Точикистон хастем. Шукронаи ин ободиву дастовардхои давлату миллатем. Аммо бадбахтона гурухе дар чунин мулки бихиштосо зиндагони карда истодаанд, ки махз бо кӯмаки хоҷагони хориҷиашон солхои 90-ум мардумро ба ошубу фитна даъват намуданд. Яке аз чунин ашхосон «генерали мардумӣ» Қиёмиддин Ғозӣ мебошад, ки шоми 18-уми июн филми мустанад тахти унвони «Решахои ноаён» тарики шабакаи телевизиони Точикистон намоиш дода шуд. Чуноне ки аз суханони ӯ шунида шуд ҲНИ бори дигар собит намуд, ки яке аз хунхортарин хизбхои радикалӣ дар чахон ба шумор меравад. Он мардумфиребӣ ва бадбахтихое, ки ба сари мардум дар он солхо оварданд, хеч бахшидани нест. Он зарари модди ва маънавие, ки дар он солҳо ба мардуми бегунох расонида шуд то имруз нишон дорад.
Мо имрӯз фаъолияти Паймони миллӣ, Гуруҳи 24 ва дигар гуруҳҳои ифротгароро маҳкум менамоем ва як соли фаъолияти онҳоро таҳлил намоем, аслан ба ғайр аз валвалаю доду фарёди беҳуда ба ягон дастоварди назаррас ноил нагаштанд ва нахоҳанд гашт. Ба қадри сулҳу ободии Тоҷикистон расида, софдилона барои пешрафти кишвар бояд меҳнат намоем ва ҳеҷ гоҳ ба дасисаи душманон ва бадхоҳони миллат дода намешавем.
Каримов И.И.,
кафедраи иқтисодиёт ва
соҳибкории ДИС ДДТТ