Дар чаҳорчӯбаи силсилавохӯриҳо бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешви миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бо иштироки ҳайати васеъи устодону донишҷӯён мулоқот баргузор гардид.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода нишастро оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид сохт, ки «Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Паёми хеш ба таври махсус ба масъалаи ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ руҷуъ намуда, мақоми кишвари моро дар самти изҳори вокунишҳои саривақтӣ ба хатарҳои ҷаҳонӣ ба таври барҷаста бозгӯӣ намуданд, ки ин тадбири муҳими сиёсӣ пеш аз ҳама дар истиқбол аз маҷмӯи падидаҳои барҷаставу пешрафти дунёи имрӯз ва ҳамзамон пешниҳоди ташаббусҳои наҷиб дар ҳалли муаммоҳо ва мушкилоти ҷаҳонӣ ба шумор меравад”.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ зимни баромади хеш аз суръатбахшии низоми иқтисодии кишвар дар такя ба Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ фикру мулоҳизаи худро иброз дошт. Мавсуф оид ба баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи буҷавӣ ва масоили рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ки зимни ироаи Паёми имсолаи Пешвои миллат қайд шуда буд, андешаронӣ карда, ҳамагонро ба масъулиятшиносӣ ва корбарии хуб даъват намуд. Профессор Муъминҷон Шарифзода ректори ДДҲБСТ зимни шарҳи Паёми Пешвои миллат гуфт, ки амнияти озуқаворӣ дар меҳвари баромади Роҳбари Давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва тавре, ки таъкид шуд, ки “Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Вале ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу васила ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат ба назар мерасанд, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар аст. Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои мукаммал гардонидани низоми идораи давлатии санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия, сертификатсия ва назорати байторӣ тағйироти сохтории заруриро амалӣ намояд. Ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мақомоти ваколатдорро зарур аст, ки доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд”. Ҳамзамон номбурда оид ба масоили муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон сухан карда, манфиати судбахши ин равандро таъкид намуд.
Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ДИС ДДТТ
Ҳамин тариқ, мулоқоти навбатии гурӯҳи кории мазкур бо устодону донишҷӯёни донишкада дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳуснитафоҳум баргузор гардида, бо натиҷагирӣ аз суханрониҳои шунидашуда ба кори худ анҷом пазируфт.