Шаффофияти интихобот дар парлумон

 

Чунон ки мардуми кишвар огоҳанд, якуми марти соли 2020 маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ва бо ширкати фаъолонаи интихобкунандагон доир шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири ояндаи неки кишварамон бо масъулияти баланд намояндагони шоиставу арзандаи худро ба парлумони мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб намуданд. Зеро интихоботи одилонаву шаффоф ва пазируфтани фарзандони лоиқи миллат ба ҳайси вакилӣ дар парлумону маҷлисҳои маҳаллӣ ин гарави пешрафти ҳамаҷонибаи Ватани маҳбуби мо мебошад.

Воќеан интихоботи навбатї дар фазои ором ва фазои идона доир шуд. Барои интихобкунандагон, тамоми шароит фароҳам оварда шуда буданд, то ки ба номзади арзанда овоз диҳанд. Аз субҳ дар саросари мамлакат  рӯҳияи идона ҳукмфармо буд. Мардуми зиёд  барои овоздиҳӣ дар навбат буданд. Ин аз фаъол будани шаҳрвандон  дарак медод. Дар симои одамон дар саҳни бинои участка ва ҳавзаҳои  интихоботӣ эҳсоси шодӣ ҳувайдо буд.

Бояд зикр намуд, ки марҳалаи муҳими интихобот натиҷагирӣ ё худ эълони ниҳоии раъйҳои додашуда ба номзадҳо буд, ки он бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Дар ин марҳала нақши нозирон, шахсони боэътимоди номзадҳо ва воситаҳои ахбори омма хеле муҳим буданд, зеро онҳо бевосита раванди ташкил, баргузор ва натиҷагирӣ аз интихоботро назорат намуданд. Нозироне, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ сафарбар карда мешаванд низ, вазифаи назорат карданро иҷро намуданд. Тибқи маълумоти расмӣ барои таъмини шаффофияти раванди интихобот, ба ҷуз намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар ҳамчунин даҳҳо гурӯҳҳои коршиносони дохилӣ, садҳо нозирони байналмилалӣ ва теъдоди зиёди рӯзноманигорону намояндагони васоити ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар низ ҷараёни баргузории интихоботро дар ҷумҳурӣ назорат карда, дар бораи чигунагии баргузории ин чорабинии сиёсӣ ва сатҳи шаффофияти он изҳори назар намуданд. Дар маҷмӯъ, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани интихобот ва таъмини шаффофияти онҳо, 230 мушоҳиди байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ҷумҳурии Беларус ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.

Дар Тоҷикистони демократӣ, ки меҳвари аслӣ халқ аст, дар такя ба марому ниёзҳои пешгузошташудаи халқ ҷараёни мунтазами пешрафту таҳаввулоти давлат ба роҳ гузошта мешавад. Ин раванду ҳолат дар таҷрибаи сиёсии давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ амалан собит гардиданд. Халқ ба воситаи вакилони интихобкардаи худ орзуву мароми худро баён намуда, дар симои онҳо ашхоси боэътимодро мебинад.

Акнун умед аст, ки номзадҳои ғолиб ва вакилони мардумӣ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю талош хоҳанд намуд. Чунончи шоири шаҳир, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода мефармояд:

Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,

Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

Хулоса, гузаронидани интихобот ба таври демократӣ ва озод гузашт. Зеро ин тарзи баргузории интихобот яке аз рукнҳои муҳими демократия маҳсуб ёфта, барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи муҳими сиёсӣ мегузорад.

Ассистенти кафедраи молия ва қарз

 Маҷидова М.Н.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *