ШАБАКАИ ИНТЕРНЕТ НАБОЯД МАТЛАБИ ТЕРРОРИСТУ ЭКСТРЕМИСТРО ТАРҒИБ НАМОЯД!

Мусаллам аст, ки технологияи иттилоотӣ ва воситаҳои иртиботиро ҳам мардуми тараққипарвар ва ҳам одамону гуруҳҳои манфиатҷӯ, ифротгаро ва террористӣ истифода мебаранд.Бояд қайд кард, ки то ин вақт умеди террористон барои ошкор шудани амали онҳо бо ҷалби телевизион, радио ва дигар ВАО вобаста буд. Имрӯз бошад интернет имконияти террористонро барои ошкор ва таблиғ кардани фаъолияти худ тавсеа дод. Мисли дигар созмонҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои террористӣ интернетро барои такмили фондҳои худ истифода мебаранд, яъне бо мақсади  ҷамъоварии маблағ. Аксарияти гурӯҳҳои террористӣ бо кумаки интернет имконият пайдо кардаанд, ки бо якдигар ва бо дигар ташкилотҳои террористӣ алоқа барқарор намоянд. Дар интернет  террористон ва гуруҳҳои ифротӣ манбаъҳо ва шакли вебпорталҳои худро  тағйир медиҳанд, кӯшиш мекунанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд ва  хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Баробари ин, онҳо на танҳо барои тақозои «хайрот» аз хайрхоҳони худ, балки барои ҷалб ва сафарбаркунии тарафдорон, ки нақши ҳар чи фаъолтарро дар дастгирии амали террористӣ бозӣ мекунанд, истифода мебаранд. Ҳамин тариқ, бояд қайд намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза ҳизбу ташкилотҳои экстремистиву террористӣ бо истифода аз дастоварҳои навтарини технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, васоити ахбори омма  ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо хабарҳои бардурӯғ ба ҷалб намудани аъзои нав ба сафи худ машғуланд.

Вобаста ба ин бояд қайд кард, ки имрузҳо дар Осиёми Марказӣ ва умуман дар кишварҳои ҷаҳони муосир ба назар мерасад, ки асосан ҷавонон ба тарғиботи экстремистию террористии гуруҳҳои фаъолияташон манъшуда гирифтор гардида, ба гумроҳӣ мерасанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем,ки моҳи декабри соли 2021 донишҷӯи технологиии Федератсияи Россия аз ҷониби мақомоти қудратии ин кишвар боздошт гардид, ки миёни ҳамсолонаш ғояҳои ҷиноии ДИИШ-ро тарғиб мекардааст.Ҷавони дастгиргардида, яке аз шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, борҳо кори ҷангии ДИИШ-ро сафед карда, ба бунёди хилофат дар Ироқу Сурия даъват менамуд. Ё мисоли дигар меорем, ки тибқи расонаи хабарӣ бо номи “Sabah”-и кишвари Туркия, дар арафаи моҳи январи  соли 2023, ду нафар шаҳрванди Осиёи Марказӣ бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар шаби Соли нави милодӣ  дар ҳудуди шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд.Барои аз байн бурдани чунин падидаҳои манфии ҷомеа дар ниҳоди ҷавонон ҳисси худшиносии миллӣ ва дар заминаи он тарбия намудани ифтихори миллӣ, ки ватандӯстии ҳақиқатро ба вуҷуд меорад, амри зарурӣ аст. Хулоса шахсе, ки худшиносии миллӣ ва иифтихори миллии баланд дорад, бо истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилооти мухталифи интернет ва ё шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷаҳонӣ гумроҳ гашта наметавонад.

Ахмедов М.

устоди кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *