ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОИИ ИФРОТӢ-ИҒВОБАРАНГЕЗ

Дар замони муосир баробари рушди илму техника ва фарогирии мардум ба барномаҳои телевизионӣ, инчунин, барномаҳои дигари интернетиву онлайни ва мустақим низ фарох истифода мешаванд, ки якеро аз як ҷониб бо шавқ тамошо кунем, аз дигаре мебояд парҳез намоем. Зеро дарки муваффақият ва хатар дар як фазо ҷорист, ки барои фарқ гузоштани он тафаккури интиқодӣ зарур аст, ки на ҳар як кас онро соҳиб аст.
Воситаҳои ахбори умум минбари тавоно ва фарогирии ҷомеа маҳсуб мегарданд, афкори ҷомеаро ташаккул медиҳанд, ҳар як суханашон бояд нишонрас ва оммафаҳм бошад. Воқеъан, дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии ҷомеа воситаҳои ахбори умум мақом ва ҷойгоҳи муҳим дошта, ин аҳамият ба таври рӯзафзун зиёд ва рисолати расонаҳои хабарӣ ва рӯзноманигорон дучанд гардида истодааст.
Бахусус, дар замони муосир, ки як маром рӯ ба таҳаввулоти аст, воситаҳои ахбори умум ҳамчун минбари тавоно дар тағйирдиҳии афкори мардум, ҳифзи манфиатҳои миллӣ метавонанд, нақши калидӣ дошта бошанд. Зеро ҳар сухану хабар ва маводу навори пахшкунанда санҷидашуда, асоснок ва боварикарданист.
Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили ТТЭ ҲНИ, Гуруҳи -24 ва амсоли ин барномаҳои ифротгароён ташкил гардида, давлату ҷомеаро нотинҷ мекунад, ки онҳоро аз гурӯҳи хиёнаткорони Ватан ном бурдан равост.
Шукри ин осоиштагӣ ва давру замон намуда, барои барҳам хӯрдани чунин гурӯҳҳои ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттифоқона мубориза барем. Аз ин лиҳоз, аз ҳар як инсони ватандор, муҳоҷиру мусофир даъват ба амал меорем, ки аз тамошо ва ҳамроҳ шудан ба ин гурӯҳҳои мамнӯъшудаи ифротгаро дар шабакаи иҷтимоии фейсбук, ютюб ва амсоли инҳо худдорӣ намоянд ва ҳаёти худро зери хатар нагузорад. Ҷавонон бояд шабакаҳои иҷтимоиро фақат ҷиҳатҳои мусбиашро истифода баранд, барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, барои истифодаи китобхонаҳои электронӣ, ҳамчун шабакаи иттилоотӣ ва ғайраҳо истифода баранд.

КОМИЛОВА Ф.А.,
ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *