Санаҳои 9-10 декабри соли 2021 устодон ва кормандони шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим дар семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ҷалби корфармоён дар таҳияи барномаҳои таълимӣ» иштирок намуданд. Таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, яке аз роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рақобатпазирии хатмкунандагон дар бозори меҳнат мебошад. Раёсати ДИС ДДТТ баҳри баланд бардоштани сифати таҳсил ва бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагон бо зиёда аз 200 корхонаву ташкилотҳо қарордоди меҳнатӣ ба имзо расонидааст.