Саркардаҳои Бадахшон даст ба аъмоли ношоиста назанед!!!

Беш аз 27 сол аст, ки мо дар фазои озод ва тинҷу оромӣ зиндагӣ ба сар мебарем. Сулҳу оромӣ чи арзишу қиммат дорад мо дар тору пуди худ эҳсос кардаем. Зеро замоне, аниқтараш солҳои навадум бо ҳиллаву найранг ва дасисаҳои як гурӯҳ аз хоинони миллат дар натиҷаи  дасисасаву амалҳои хиёнаткорона кишвари мо ба гирдоби бало ғӯтавар шуда буд. Маҳз ҳамин ашхос буданд, ки ҷомеаро  шӯр ангехта,  худ чун мусичаи бегуноҳ худро канор гирифтанд.

Сулҳ бо хунбаҳои садҳо ҷавонон ба даст омад. Аммо ҳамин неъмати бебаҳоро  душманони миллат чашми дидан наёфта, кӯшиш мекунанд, ки мамлакатро ба доми бало кашанд.  Махсусан, дар ин «амали хайр» нақши наҳзатиён хеле калон аст. Онҳо бо таъсиси «Паймони миллӣ» умед доштанд, ки  тарафдорони худро пайдо намуда, кишварамонро бо дасти худамон нотинҷ кунанд. Бо ин мақсад онҳо шабу рӯз заҳмат мекашанд.

Ҳоло ки барои бадномкунии меҳан баҳонае намондааст, онҳо ба мардуми сарбаланду иродатманди Бадахшон часпидаанд. Нохалафон имрӯз авзои сиёсии ин вилоятро ҳамин хел шарҳу эзоҳ медиҳанд, ки гӯё дар ин ҷо ба таъбири халқӣ давлат ва Ҳукумат «чистка» карда бошанд. Аммо воқеияти ҳол ин тавр нест. То ҷое иттилоъ дорем, мардуми ваҳдатшиори Бадахшон чун дигар минтақаҳои Бадахшон сиёсати давлатро дастгирӣ мекунанд. Аммо миёни мардум ҳастанд нафароне, ки манфиатдори нооромиҳо дар ин минтақа ҳастанд. Онҳо ба гуфтаи хоҷагони беруниашон кор мекунанд. Бояд эътироф кард, ки дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он ҳастанд гурӯҳҳое, ки солҳои сол бо кашонидани нашъаву силоҳ аз Ҷумҳурии Афғонистон доираи тиҷорати худро васеъ карда, имрӯз ба дигарон маҷоли сухан ё амал кардан намедиханд. Ин нафарон дар олами ҷиноӣ бо номҳои  Толиб, Боқир, Ёдгор, Хурсанд, Мунаввар, Зоир, Амриддин   машҳур буданд. Гумон доштанд, ки касе пишаки онҳоро  «пиш» гуфта наметавонанд. Кор то ҷое расида буд, ки Президент ба ин масъала зимни сафари 5 рӯза дахл намуданд.

Ин назари мӯйшикофонаи Сарвари давлат сангеро гӯиё аз дили мардуми охкашидаи мардум берун овард. Зеро дар сурати мудохила накардан ба масъала мазкур хатари сар задани  ҷанги  шаҳрвандӣ дар ин минтақа ба амал меомад. Гузашта аз ин,  яке аз заминаҳои  асосии зуҳуроти терроризм манфиатҷӯии афроди ҷоҳилу бехирад ва сангдилу бераҳмист, ки манфиати шахсӣ ва шуҳрату  ҷоҳталабии худро аз арзишҳои миллию умумибашарӣ боло мегузоранд. Маросими савгандёдкунии нафарони болозикршуда, бори дигар аз ваҳдати ҳамдилӣ ва тифоқӣ, инчунин пурқувват будани давлатамон дарак медиҳад. Гузашта аз  ин давлати мо мисли солҳои 90- ум қарни гузашта нест, ки заифу нотавонии худро нишон диҳад. Саркардагони гурӯҳҳои муташаккил қоил шуданд, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ҷурмҳои пештараи онҳоро бахшид. Ин таваҷҷӯҳ онҳоро ба зиндагии ростин ва фазои солими зиндагӣ раҳнамун мекунад.

Яқубова Нигина Яқубовна, 
декани факултети иқтисодиёт ва
технологияҳои инноватсионӣ, 
номзади илми иқтисод, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *