Сарчашмаи илму дониш

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд: «Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Дарвоқеъ, китоб сарчашмаи дарёи ақл ва фарҳанги миллӣ, беҳтарин ёр, дӯстдору ғамхор, нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Чунончи, адиби номдор Расул Ғамзатов гуфтааст: «Барои худшиносӣ китоб зарур аст. Барои шинохти дигарон ҳам китоб муҳимтар менамояд». Халқи бекитоб ба одами нобино монанд аст, ки ҳусни дунёро намефаҳмад. Ҳамчунин, халқи аз китоб маҳрум ба инсоне шабоҳат дорад, ки бе оина рӯйи худро дида наметавонад. Гуфтаанд, ки ӯ фалон корҳои ношоиста кардааст ва аз ин рӯ аблаҳ аст. Ман бовар накардам. Вале  чун гуфтанд, ки инчунин чандин китобро зеби ҷевон кардаасту на худ баҳра мебарад ва на каси дигар, ба аблаҳии ӯ шубҳаам намонд. Китоб маънавиёти инсонро бояд оро диҳад, на ҷевони ӯро. Китоб зиннати дилҳост, на тамошогаҳи дидаҳо. Ман аз оташ метарсам, танҳо аз он хотир, ки метавонад китоберо бисӯзад.

Аз қадимулайём бобоёну падарони мо тавассути китобҳои панду насиҳат ба фарзандон одоб ёд медоданд. Аз ҷумла, Бузургмеҳр тавассути  китоби бузурги «Авасто» ба Анӯшервон таъсир расонида, ӯро ба шоҳаншаҳи одил табдил дод. Чунки маънии он «Гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек» мебошад.

Боиси  шуҳратёр гардидани бузургонамон ин робитаи ногусастании онҳо ба китобу  китобхона буд. Аз мутолиаи пайвастаи ин  гавҳару  ганҷинаи  бузург  онҳо  тавонистанд мақоми хосеро соҳиб гарданд. Боре Абӯалӣ ибни Сино подшоҳ Насри Сомониро табобат мекунад. Подшоҳ баъди сиҳат ёфтан дар ҳузури ҳамаи вазирон аз Сино мепурсад, ки ӯ чӣ подош мехоҳад?  Ҳамагон фикр карданд, ки Сино аз подшоҳ зару зевар ва молу пули зиёдро талаб мекунад, аммо ӯ иҷозаи ба китобхонаи бузурги дарбор ворид шуданро хоҳиш мекунад. Ва тӯли се сол дар он ҷо пайваста мутолиа мекунад. Гоҳе дар сари китобе ӯро хоб мебарад ва бо он мушкилиҳое, ки рӯ ба рӯ мегардад, бо илҳоми Худованд ҳалли онҳоро меёбад, пас ин ҷидду ҷаҳдҳои ӯ буданд, ки то ба имрӯз номи ӯро ба накуӣ ёд мекунанд ва дар дилу дидаҳои мардум ҷо дорад. Дуруст гуфтаанд, ки  абадуддаҳр чунин шахс намирад ҳаргиз. Пас, мо бояд аз бузургонамон биомӯзем ва робитаи худро бо китобхонаҳо зиёдтар намоем.

Китоб сарчашмаи дониш аст. Моро бо гузаштаи дуру наздик пайваст менамояд, бо ҳаёти имрӯз, бо фарҳанги мардумони гуногуни олам ошно месозад. Китоб моро дарси мардонагӣ ва инсоншиносӣ меомӯзад, аз китоб роҳи мо равшан аст, аз китобхонӣ мо метавонем ба худшиносӣ бирасем. Дӯст доштани халқу ватанамон ва эҳтиром гузоштан ба инсониятро маҳз китоб ба мо меомӯзад.

 

Борсултон

АЗАТУЛЛОЗОДА

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *