Саразм-ёдгории қадимаи таърихӣ ва маркази ҳунармандии тоҷикон

 

Дар ДИС ДДТТ мизи мудаввар таҳти унвони “Саразм-ёдгории қадимаи таърихӣ ва маркази ҳунармандии тоҷикон” баргузор гардид. Муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисод дотсент Далер Мирпочоев иштирокчиён ва меҳмонони чорабиниро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихии миллатро ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд арзёбӣ намуда, онро қарзи ҳар як тоҷик дар назди таърих ва наслҳои оянда донистанд.

Пешвои муаззами миллат доимо таъкид медоранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ он миллате ҳувияти хешро поянда нигоҳ дошта метавонад, ки афроди он дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ тарбия ёфта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд ва ба осори ниёгони худ арҷ гузоранд.  Яке аз шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон шаҳри Панҷакент маҳсуб ёфта, он бо ёдгориҳои беназири таърихӣ – шаҳраки бостонии Саразм, ки ба Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид асту соли 2020 бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5500 – солагии он таҷлил мегардад, дар ҷаҳон шуҳратёр гаштааст.

Саразм куҳантарин ва муқаддамтарин масканҳои тоҷикнишин, тамаддуни миллӣ, ба мисли бунёди маҳалоти шабеҳи шаҳристон, намунаи обшор кардани замин, дарёфти роҳу усулҳои гудохти филизоти биринҷиву оҳанӣ ва аз он сохтани асбобу исканаҳои рӯзгордорист.

Нахусткашшофи Саразми бостон, доктори илмҳои таърих А. Исҳоқӣ дар мақолаи илмии худ «Саразм – оғози тамаддуни халқи тоҷик» дар бораи таърих, зисту зиндагонии мардуми ин сарзамин, пайдоиши ҳунару ҳунармандӣ, расму оин, маданият ва шаҳрдориву шаҳрсозӣ маълумот додааст.

Осорхонаи шаҳраки қадимаи Саразм соли 1989 таъсис ёфта, бозёфтҳои таърихию фарҳангиеро, ки дар натиҷаи ҳафриёти бисёрсола ба даст омадааст, дар бар мегирад.

Сарвари тамаддунофари мо ҳангоми сафарҳои хизматӣ ба шаҳри Панҷакент аз пойгоҳи бостонии Саразм низ боздид ба амал оварда, оид ба густариши корҳои ҳафриётӣ дар ин пойгоҳ дастуру маслиҳатҳои  арзанда додаанд. Ба замми ин, аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии Президенти кишвар бисёр иншооти таърихии ин мавзеъ болопӯш карда шуданд. Маданияти таърихии Панҷакент дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, осорхонаи пойгоҳи бостоншиносии Саразму Панҷакенти қадим маҳфузанд. Ҳоло нигораҳое, ки толорҳои ин осорхонаҳоро зеб мебахшанд, маҳсули кофтуковҳои бостоншиносии Саразму Панҷакенти қадима буда, он зиёда аз 3000 ададро ташкил медиҳанд.

Баъдан маърӯзаҳои мудири кафедраи таърихи ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров н.и.т., дотсент Исомиддинов Ҷ. дар мавзӯи «Саразм-муаррифгари тамаддуни панҷунимҳазорсолаи Ватан », н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров   Саидов С. дар мавзӯи «Абдулло Исҳоқов-муаррифгари Саразми бостон» шунида мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Муовини декан оид ба илм, н.и.ф., дотсенти кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ Бобоев С. дар мавзӯи «Саразм-ёдгории қадимаи таърихӣ ва маркази ҳунармандии тоҷикон» маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Донишҷӯи курси якуми ихтисоси 25.01.08та Комилова Манижа дар мавзӯи «Шаҳри Саразм-ёдгории қадимтарини таърихӣ” фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошт.

Мизи мудаввар бо саволу ҷавоб, мубодилаи афкор ва масъалагузориҳо ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *