САНГИ ҚАБРИ НАҲЗАТИЁН

Имрӯзҳо ифротгароён ва пайравони гурӯҳҳои террористӣ барои ташвиқу таблиғи андешаҳои ботили худ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ васеъ истифода мебаранд. Бадхоҳони давлату миллат асосан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо роҳи фиреб ҳаргуна камбудиҳои ночизи ҷомеаи имрӯзаро чанд баробар зиёд карда, бо ин роҳ мехоҳанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки поягузори сулҳу ваҳдат аст ва суботи ҷомеаро таъмин мекунад, ба чашми мардум бадному гунаҳкор нишон диҳанд. Чунончӣ, роҳбару аъзоёни собиқ ҲНИ, ки ба хориҷи кишвар фирорӣ шуда, имрӯз бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва дастури хоҷагон номи ҳизбро “Паймони миллӣ”номгузорӣ намуда, бо ҳаммаслаконаш мехоҳад, ки ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор намуда, вазъиятро дар кишвар ноором кунанд. Воқеан таъсиси «Паймони миллӣ» далели он аст, ки раҳбарияти Паймон ҳизби худро ба осорхонаи таърих супориданд. Яъне собиқ ҲНИ ҳамчун ҳизби сиёсӣ мурда ва аз байн рафтааст. Паймони миллӣ як навъ санги қабри ин ҳизб аст. Ягона роҳ барои фаъолияти наҳзатиҳо дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мемонад, ки наҳзатиён аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд. Имрӯз ду-се нафар фирориву хоине, ки дар дунёи маҷозии интернет миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Масалан Муҳаммадиқболи Садриддин ва Ашӯров Ҳусейн асосан тариқи барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” ва “Ҳақ ва ботил” ва “Пайванд”бо навбат баромад намуда, ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ менамоянд. Далелҳои раднопазир хеле зиёданд,воқеан Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш – Муҳаммадиқболи Садриддин ва Ҳусейн Ашӯров бадхоҳони миллатанд, онҳо нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд. Чунки ин бадхоҳони давлату миллат аз аввал ба пешрафту тараққиёти кишвар, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанду надоранд! Бинобар ҳамин, моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои навбатии душманони миллатогоҳ созем.

Р.АНВАРӢ, ассистенти
кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *