“Самтҳои стратегии баланд бардоштани рақобатпазирии мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ: таҷрибаи Аврупо ва масоили истифодаи он”

Бо ташаббуси Раёсати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон онлайн-конференсияи  байналмилалии илмӣ-методии “Самтҳои стратегии баланд бардоштани рақобатпазирии мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ: таҷрибаи Аврупо ва масоили истифодаи он” ташкил ва гузаронида шуд. Конференсияи мазкур дар доираи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гардида истодааст, баргузор шуд.

Дар кори конференсия шарикони донишкада – Донишгоҳи менеҷменти Варна (Булғория), Донишгоҳи Миколас Ромерис (Литва), Донишгоҳи иқтисодиёт, ҳуқуқ ва кооператсияи Белгород (Федератсияи Русия), Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург (Федератсияи Русия), Агентии таъмини сифат ва аккредитатсияи AQAS (Олмон) ширкат варзиданд.

Мақсади баргузор намудани конференсияи байналмилалии илмӣ-методии мазкур ин омӯзиши муаммоҳо ва коркарди тавсияву пешниҳодот оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рақобатпазирии мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ бо назардошти принсипҳои раванди таҳсили Болонӣ мебошад.

Ба кори конференсия директори ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Олимӣ Рауф Латифзода ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки натиҷаҳои конфронс барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ДИС ДДТТ ва омӯзиши таҷрибаи аврупоии ташкил ва амалигардонии раванди таълим тибқи принсипҳои Болонӣ такони бузург хоҳад дод.

Дар рафти конференсия масоили мубрами ташкили раванди таълим, гузаронидани аккредитатсияи байналмилалӣ ва таъсири он ба сифати таҳсилот, байналмилалӣ гардонидани раванди таълим, муқаррар намудани натиҷаҳои таҳсилоти фанҳои таълимӣ ва роҳҳои баҳогузории сатҳи донишандӯзии донишҷӯён, ташкил ва ҷорӣ намудани раванди таҳсилот вобаста ба салоҳият ва натиҷаҳои таҳсилот муҳокима шуда, роҳҳои ҳалли он ва таҷрибаҳои донишкадаву донишгоҳҳои шарик таҳлилу таҳқиқ шуданд.

Умуман, дар қисмати пленарии конференсия баромади координатори Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” –и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Афғонов С., ректори Донишгоҳи менеҷменти Варна, мудири кафедраи низоми иттилоотӣ ва технологияҳои Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург дотсент Коршунов И.Л. ва дигар устодону олимони донишкадаҳову донишгоҳҳои шарики ДИС ДДТТ бо маърӯзаҳои худ баромад карданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *