Сафари Пешвои муаззами миллат ба Аврупо самараи дилхоҳ ба бор меоварад!

Ҳар гоҳе, ки авроқи таърихро варақ мезанем, сарнавишти миллати куҳанбунёдамон пеши назар меояд. Дар ҳар ҳаводиси азим бо вуҷуди воқеаҳои фалокатбор миллати тоҷик аз оянда ноумед нагаштааст, илму фарҳангу тамаддунаш ўро ҳифз кардааст, аз ин ҷост ки хуввияти миллиро мисли гавҳараки чашм нигоҳ медорад.

        Чанде пеш мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоламон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои шоиста таҷлил намуд. Бо шукўҳу шаҳомати беназир ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ ва пешрафти бесобиқаи иқтисодию иҷтимоӣ маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаю талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, дар натиҷаи таъмини сулҳу оштӣ, суботу оромӣ  ва ваҳдати миллӣ барои халқи азияткашидаи тоҷик муяссар гардид.

Имрўз боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил зиёда аз 190 давлати ҷаҳон расман шинохтаанд, кишвари мо бо 150 давлат муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Бо зиёда аз 50 созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ муносибатҳои дутарафаро ба роҳ мондааем.

Дар шабакаи иҷтимоӣ хабаре тахти унвони: “Баъди се сол: Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо сафар мекунад” чоп омадааст, ки муаллифи он бо бадюиниву тафриқа ва ѓояҳои муѓризонааш чӣ гуфтанашро намедонад.

Воқеан ҳам Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хоричии кишварро ҳамчун сиёсати Дарҳои кушод пеш мебаранд ва сафарҳои кории судмандро ба кишварҳои ба мо дўст пеш мегиранд, ки барои рушди давлати миллии мо некуаҳволии мардуми кишвар нигаронида шудааст.

Бадхоҳону бадандешон ва нотавонбинони ношукр андешаҳои худро оид ба сафари Пешвои миллат ба Аврупо зери тозиёнаи танқид гирифта, дар фикри ташкили роҳпаймоиҳо мебошанд. Бо ин амали худ танҳо ба худ зиён меоранду бас ва набояд нисбати давлату миллат бадгўӣ намоянд. Мо фаъолияти пасипардагии онҳоро дар Аврупо шадидан маҳкум менамоем.

Мо боварӣ дорем, ки сафари расмии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ба Аврупо самараи дилхоҳ ба бор меоварад ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, барои пешрафти Тоҷикистони азизамон заминаҳои мусоид фароҳам мегардад. Дарҳои тамоми кишварҳои ҷаҳон ва аз ҷумла  Аврупо баруи Президенти мо кушодаанд, агар ягон мушкилоти ҷиддӣ мебуд, ҳайати расмии вакилони Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ташриф намеоварданд ва бо Президенти кишвар ва ҳайати расмии Тоҷикистон вохурӣ анҷом намедоданд.

Раъно Маннонова,
номзади илмҳои педагогика, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *