Сафари Пешвои миллат ба Аврупо зарба ба бадхоҳони миллат аст!

Барои миллати тоҷик, ки то имрӯз бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба муваффақиятҳои беназир мушарраф гардидааст, шарафёб шудан ба Ваҳдати миллӣ ва якдилӣ яке аз пурарзиштарин ва олитарин дастовард ба ҳисоб мерафт. Бояд гуфт, ки то кунун миллати тоҷик барои ноил шудан ба чунин дастовардҳо мушкиливу гиреҳҳои зиёдеро паси сар кард. Заминаи ҳамин ваҳдату ҳамбастагии мардуми тоҷик буд, ки ба рағми душманону мухолифони миллат пирӯз омад. Ҳамин якдиливу якмаромии миллати тоҷик буд, ки давлат соҳибихтиёру мутараққӣ гашт.

Боиси ифтихор ва сарфарозиҳои миллати тоҷик аст, ки дар лаҳзаҳои басо ҳассоси омехташавии сиёсатбозиҳои бархе аз мухолифону худхоҳон, мо тавонистем бо азму иродаи қавӣ бар зидди нерӯи нотавони онҳо мубориза барем. Мо хеле хуб медонем, ки бо афкори иддае аз носипосону душманони миллат, кишвар гоҳе дучори ҳангомаҳои бегона мегардад.

Дар ҳама давру замон, дар ҳамаи кишварҳои рӯи олам ҳастанд, нерӯҳои опозитсионе, ки сохти ин ё он давлатдориро инкор намуда, худҳокимиятиро бештар меписанданд. Ва барои ноил гаштан ба чунин ҳадафҳои нопоку ғаразонаи хеш талоши зиёде ба харҷ медиҳанд.

 Мутаассифона онҳое, ки ба Ватану миллат ва қавми хеш хиёнатро раво дида, ба рӯи хоки ватан пуф мекунад, ҳама барои манфиати кадом як бегонаву бадкеше анҷом дода мешавад. Чӣ қадар аламовар, ки барои манфиати он носипосон шуда, ҳатто андешаи дили модар намекунанд. Ёди модари зореро намекунанд, ки барои ба дунё овардану ба воя расонидан чӣ қадар заҳамати сангинеро паси сар кард.

Баъди чанд руз бо сафари расмӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон ба Аврупо раҳсипор мешаванд. Муносибатҳо бо ин қитъаи пешрафта дар ҳамаи самтҳо хуб ба роҳ  монда шуда, ҳамаи давлатҳои минтақа бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро  ба роҳ мондаанд. Аммо ҷои афсус аст, ки аз ин сафари Президент наҳзатиён ва Паймони миллӣ ҳангомаҳои навбатиро ба роҳ андохта, мехоҳанд мафкураи мардумро дигар кунанд. Гуё, ки даврҳои Аврупо ба рӯи Президенти мо пушида бошад. Лек ин хатои маҳз аст. Агар чунин мебуд санаи 1-уми ноябр ҳайати расмии вакилони Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ташриф намекарданд. Бо Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати расмии Тоҷикистон вохурӣ анҷом намедоданд.

Тоҷикистон мазраи ободкорону равшанзамирон буд ва хоҳад монд. Барои гиромидошт ва пос доштани онҳое, ки равшанфикру равшанзамир буданд, вазифаи мо он аст, ки дарси мардонагии онҳо боиси ибрати мо гардад.

Абдумавлон Азимов,
доктори илмҳои иқтисод, профессор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *