Сафарҳои пурманфиати Пешвои муаззами миллат

Сафари навбатие, ки Ҷаноби олӣ дар Аврупо ба анҷом расониданд барои мардуми тоҷик хело муфид буд. Масъалаи аз ҳама муҳиме, ки баррасӣ гардид ин ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла мусоидати ЮНЕСКО оид ба таҳияи стратегияи рушди таҳсилот ва такмили усулҳои омодасозии омўзгорон буд. Зеро имрўзҳо таваҷҷўҳи Сарвари давлат ба соҳаи маориф хело калон аст.

Ва мо омўзгорон дар навбати худ бояд ин дилгармиро эҳсос намоему баҳри ободиву шукуфоии сарзаминамон бо ҳамроҳии Пешвои хеш камари ҳиммат бандем. Санаи 12- уми ноябр дар ҷараёни сафар Пешвои миллат дар ҷаласаи 40- уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО(қароргоҳи ЮНЕСКОдар шаҳри Париҷ), ки ба масъалаҳои таѓйирёбии иқлим бахшида шуда буд, иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба мушкилоти глобалии замони муосир, яъне гармшавии иқлим, об шудани пиряхҳо, сифат ва миқдори захираҳои оби тоза ва ѓайра маърўза намуданд.

Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ба Пешвои миллат барои ташаббусҳои созанда изҳори миннатдориву қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз бо азму талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ бо ташаббусҳои созанда баромад намуда, барои қабули аксар барномаву стратегияҳои сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи калидӣ пайдо намуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки сафарҳои расмӣ ба манфиати давлату мардуми Тоҷикистон буда, дар ҷараёни он чандин шартномаву созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд ва аз ҳама муҳимаш робитаи дўстиву фарҳангии кишварҳо густурдаву фарох мегардад. Дар вохўрии Пешвои миллат бо раиси ҷумҳурии Фаронса 11 ҳуҷҷатҳои давлатӣ ба имзо расида,сўхбату машваратҳои ҳамкорӣ, вохўрӣ бо роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Оқохони IV ва тоҷирону роҳбарони ширкатхои бонуфуз ташкил ва бургузор шуда, барои рушди ҳамкориҳои ду давлат манфиатбахшу босамарҷараён гирифт. Пешвои миллат низ дар навбати худ аз баргузории чунин ҷаласаи сатҳи байналмиллал изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷониби мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одре Азуле мусоидат намуданро дар ҳалли баъзе масъалаҳои гидрологӣ ва фарогирӣ аз татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор»таклиф намуданд.

ДИЛАФРЎЗ ҲОМИДОВА,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *