Сафарҳои бобарору созандаи Пешвои миллат ба вилояти Суғд

Аз расонаҳои хабарӣ шаҳрвандони кишвар хуб огоҳ ҳастанд, ки  аз санаи 22-юм то 26-уми октябри соли ҷорӣ Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, бо сокинон ва аҳли ҷомеа суҳбатҳои гарму самимӣ баргузор намуданд. Зимни ин сафари пурбаракат бо иштироки Пешвои муаззами миллат чандин корхонаву иншооти муҳим, мактабҳо ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бўстон, Гулистон ва ноҳияи Ҷаббор Расулов мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки сафарҳои кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳо мардумро рўҳбаланд намуда, шуълаи меҳру муҳаббатро дар қалби эшон нисбат ба Ватан ва давлату миллат фурўзон мегардонад. Зеро фаъолияти хирадмандонаи худи Пешвои миллат намунаи барҷастаи меҳандўстӣ ва миллатпарастӣ буда, бо кору пайкори хеш моро ба худшиносии воқеӣ ва тавсеа бахшидани ҳувияти миллӣ раҳнамун месозад.

Аммо, мутассифона, аз аз ҷаноби душманони миллат ва хоинони Ватан сару садоҳо баланд мегардад, ки ширкати расмии Пешвои миллат дар ифтитоҳи иншооти иҷтимоӣ кори зиёдатист. Аммо ин кўрдилон намедонанд, ки бунёди ин коргоҳҳо ва ба истифода додани иншооти соҳаҳои мухталиф танҳо ба манфиати шахсии Сарвари давлат набуда, балки ин ҳама бо ҳидоятҳои созандаи ў баҳри зиндагии шоистаи мардум сохта мешаванд.

Тавассути расонаҳои хабарӣ мо мушоҳида менамоем, ки мардум Сарвари маҳбуби худро бо самимият ва ҷаҳони муҳаббат истиқбол намуда, аз омадани ў ба худ меболанд ва ифтихор менамоянд.

Барои Пешвои муаззами миллат ҳар гўшаву канори Тоҷикистони азиз- Зарафшону Бадахшон, Суғду Хатлон ва умуман ҳар зарраи хоки ин сарзамин азизу арҷманд аст.

Хулоса, сафари босамари Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳамовозии гарму ҷӯшонро дар байни сокинон ба миён овард ва онҳо иқдомҳои созандаи Сарвари кишварро пуштибонӣ намуда, барои ободию шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷаҳду талошҳои созанда менамоянд.

Дилбар Исмоилова,
номзади илми иқтисод, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *