САҲМИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ДАР ҲИФЗИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

 

Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  – хат ва сатҳи амудии аз ин хат гузарандааст, ки ҳудуди қаламрави давлатии (хушкӣ, обҳо, қаъри замин ва фазоӣ ҳавоии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҳадди фазоии амали соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 1 Қонуни Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намуди махсуси қӯшунҳоянд, ки барои ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд. 

Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар шаҳри Хоруғ қайд намуданд, ки «Ҳамеша дар назар бояд дошт, ки риояи қатъии талаботи ойинномаҳои низомӣ, интизоми ҳарбӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва итоати бечунучаро ба фармонҳои командирону сардорон шарти муҳимтарини омодагии ҷангиву қобилияти мудофиавӣ ва нишондиҳандаи мустаҳкамии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад. Чунонки борҳо таъкид карда будам, таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм  сарҳад надоранд. Имрӯз таҳдидҳои хатарноки зикршуда ба проблемаи ҷиддии ҷомеаи башарӣ табдил ёфтаанд, ки Тоҷикистони мо низ аз он истисно нест.

Имрӯз дар назди ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ вазифаҳои басо душвору масъулиятнок гузошта шудаанд. Аз ин рӯ, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фармондеҳону роҳбарони қисмҳои ҳарбӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро дар доираи қонунҳои амалкунанда, қарорҳои Ҳукумат ва ойинномаҳои ҳарбӣ тақвият бахшида, ба масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, риояи ҳатмии интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани малакаи касбӣ, омодабошии ҷангӣ ва обутоби ҷисмониву маънавии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Хусусан, шумо, сарҳадбонон, ки дар сафи пеши ҳифзи марзҳои давлатӣ ва таъмини суботу оромии сокинони кишвар қарор доред, бояд интизоми қатъии ҳарбиро асоси фаъолияти худ ҳисобида, ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи зиндагии осоиштаи халқамон доимо омода бошед ва нагузоред, ки унсурҳои ҷинояткор фазои орому осудаи кишвар, амнияти давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро халалдор созанд».

Қонун «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 марти соли 2005, №82 қабул карда шудааст.

Қонунгузории ҷорӣ асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкил ва фаъолият, таъинот, вазифа, сохтор, салоҳияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намудҳои санҷиш ва назорати фаъолияти онҳоро муайян менамояд.

Чуноне аз қонунгузории ҷорӣ бармеояд вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ инҳоянд:

–          ҳифз ва ҳимояи Сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ;

–          таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Сарҳади давлатӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳое, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон доир ба масъалаҳои низоми Сарҳади давлатӣ бармеоянд;

– иштирок дар ҳалли масъалаҳои мудофиа ва таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ;

– ёрирасонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, боигарии табиӣ ва муҳити зист дар хатти сарҳадӣ.

Тибқи муқаррароти моддаи 9 Қонуни мазкур Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолияти хизматӣ ҷангиро дар ҳимоя ва ҳифзи Сарҳади давлатӣ амалӣ менамоянд. Ба фаъолияти хизматӣ ҷангии Қӯшунҳои сарҳадӣ амалҳои пайваста, фаъол, аз рӯи вақту макон ба ҳам мувофиқашуда, ки барои таъмини фаъолияти ҳарбӣ, оперативӣ (разведкавӣ, оперативӣ ҷустуҷӯӣ), ҳарбии техникӣ, намояндагии сарҳадӣ, иттилоотию таҳлилӣ, маъмурӣ ва дигар намудҳои фаъолият, ки дар Сарҳади давлатӣ, дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ, ноҳияҳои наздисарҳадӣ, минтақаҳои масъул ва гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ гузаронида мешаванд, тааллуқ доранд ва ғайра .

Ҳамин тариқ, ҷалби нерӯи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа ба сафҳои хеш барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таззодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд.

Ҷавонони кишвар низ худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаю таккондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозанд.

Кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *