САҲА чаро ба ТТЭ ҲНИ минбар медиҳад!?

Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нақша дорад, ки дар Варшава конфронси солона «Оид ба чораҳои таҳқиқ шуда, дар самти андозагирии инсони»-ро доир намояд. Чуноне, ки аз сарчашмаҳо ба мо дастрас гардидааст дар ин шуро аъзоёни Ташкилоти Терористӣ ва Экстремистӣ Ҳизби Наҳзати Исломӣ низ даъват шудаанд. Бояд қайд кард, ки аз  тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб манъ шуда аст.  Роҳбари ин ҳаракати тундгарову экстремисти Муҳиддин Кабирӣ, ки дар кофтуков қарор дорад, мехоҳад бо ширкати худ ташкилкунандагон ва меҳмонони ин конфронсро «хушнуд» созад ва аз таҷрибаи бузурги хоиниву фуруши миллати хеш, афкори экстремистии худ дар раванди ин чорабинии ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳиссаву ҳикоят намояд.

Мо ҳама хуб медонем, ки аз 57 давлати аъзои Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Аврупо 13 кишвар инчунин бо сохторҳои дигари сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи байналмиллалии СМЗТ СҲШ МЗТ ИДМ, СААД, Интерпол шомиланд, ки ҳизби мазкурро терористӣ ва экстремистӣ эътироф  карда маьлумот дар бораи аъзои ТТЭ, ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва ѓайраҳо таҳти рақами 79 ба феҳристи ягонаи созмонҳои терористӣ ва экстремистӣ эътироф кардаанд.

Дар асоси Қарори Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки ба он Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон шомиланд, ТТЭ ҲНИ ба Феҳристи ягонаи ташкилотҳои дар қаламрави кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда низ ворид карда шудааст. Феҳристро мақомоти салоҳиятдори онҳо ҳангоми амалиёти  якҷояи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба инобат мегирад. Аз ин рӯ, Арманистон ва Беларус ба минтақаҳои дар боло зикршуда пайвастанд. Илова бар ин, ТТЭ ҲНИ ба Махзани маълумоти умумии МЗТ ИДМ, ки ҳайати васеъро (Беларус, Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон) дорост ва бо шарикони худ – Кумитаи зиддитеррористии ША СММ, Интерпол, СМЗТ СҲШ, СААД, Кумитаи коршиносон оид ба мубориза бо терроризми Шўрои Аврупо (CODEXTER), гурӯҳи АвруОсиё барои мубориза бо қонунигардонии дароматҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм ҳамгироии зич, инчунин бо созмонҳои байналмилалӣ дар ИА, Исроил, Туркия, Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ дорад, шомил карда шудааст..

Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон (узви СҲШ) Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 400 нафар аз 48 кишвар ва 31 ташкилоти байналхалқию  минтақавӣ, аз ҷумла намояндагони САҲ доир шуд, нақши Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм баланд арзёбӣ намуд. Дипломати ҳиндӣ ТТЭ ҲНИ-ро барои амнияти минтақа таҳдиди ҷиддӣ арзёбӣ намуд. Дар шаҳри Қоҳира оид ба фаъолияти ташкилотҳои экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин» таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ. Таҳқиқи муфассали фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ» Конфронси байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ баргузор гардид. Дар рафти конфронс шабоҳати ба ҳам наздики таърихи ташкилотҳои террористии номбаршуда, алоқамандӣ ва ягонагӣ дар кӯшишҳои онҳо барои ноором кардани вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миср зикр, инчунин дастгирии ин созмонҳои террористӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон исбот карда шуд.

Мо аз он ҳайронем, ки чаро САҲА ба чунин ташкилотҳои террористию экстремистӣ минбар медиҳад ва сухани онҳоро ҳақ шуморида, муқобили давлатҳои мустақил садо баланд мекунад. Фаъолияти бадандешонаи ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум менамоем ва боварӣ дорем, ки сокинони кишвар ҳеҷ гоҳ ба дасисаву иғвои онҳо дода намешаванд.

Манонова Р.А., – н.и.п.
кафедраи забон
ҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *