САҲА: амали нигаронкунанда

Амали нигаронкунандае, ки 23 сентябри соли ҷорӣ яке аз созмонҳои маъруфи байналмилалӣ – Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар нишасти навбатиаш содир кард, аҳли ҷамоатчигии Тоҷикистон, аз ҷумла аксар мамолики ҳамҷаворро низ ба шигифт андохт.

Ба ин хотир, дар Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 7-уми октябр баргузор шуда буд, бо имзои сарварони ҳамаи шаш ҳизби сабти номшуда ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ – ҷамъ 60 нафар ба аҳли ҷамоатчигии мамлакат изҳорот қабул намуданд, ки дар он омадааст: «Шўрои ҷамъиятии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба созишномаи бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзорасондаи хеш ҷиҳати таъмини амният ва субот дар минтақа ҳамеша содиқ монда, дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ҳама гуна зўроварӣ баъзан аз стандартҳои дугона истифода мекунад, ки ин боиси таассуф аст. Мо мушкилоти кишвару ҷомеаи худро хуб медонем, барои ислоҳои вазъ пайваста кўшиш менамоем, созмонҳои узви Шўрои ҷамъиятӣ мунтазам барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон талош варзида, ҳар як ҳодисаи нақзи ҳуқуқро пайгирӣ мекунанд».

Воқеан, Шўрои ҷамъиятӣ, ки 85 созмони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро муттаҳид менамояд, изҳори нигаронӣ мекунад, ки ин гуна нишастҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо басо муҳим набояд ба майдони хушунат ва таҳаммулнопазирии ҷонибҳои дигар, хоса ҳизбу созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ табдил гардида, боиси сардии муносибатҳо шаванд. Барои ҳама возеҳу равшан аст, ки  қонунгузории мамлакат Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони экстремистӣ-террористӣ, «Гурўҳи 24»-ро созмони экстремистӣ эътироф намуда, фаъолияти онҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнўъ эълом кардааст.

Айни замон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот ва оромӣ пойдор буда, шаҳрвандони кишвар аз сиёсати ҳукумат ва давлати кунунӣ пуштибонӣ менамоянд, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеаро волотарин арзиши худ медонанд.

Дастандаркорони ин нишаст магар фаромўш карда буданд, ки сулҳу суботи деринтизори мо ба туфайли ҷони бештар аз сад ҳазор нафар шаҳрвандон ба даст омадааст? Магар ин амал хилофи усулҳои корбарии ҷониби мизбони чунин нишасти сатҳи баланд нест, ки ҷонибҳоро рў ба рўи якдигар мегузоранд ва ба ташаннуҷи вазъ роҳ мекушоянд?

Бори дигар тазаккур додан лозим меояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаест, ки бо ҳамаи санадҳо ва қонунҳову меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ созгор буда, ҳамеша масъулияти худро дар робита ба ҳимоя ва риояи ҳуқуқи инсон иҷро намудааст ва ҳамин тавр хоҳад кард.

Созмондиҳандагони нишасти мазкур хуб медонистанд, ки дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ ва пайравони он, ки дар ҳаводиси нангбори моҳи сентябр даст доштанд, ҷазо гирифтанд ва аз ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё дар ягон кишвари дигари ҷаҳон имкони афви террористон вуҷуд дорад? Ва дар ҳоле ки имрўз кулли ҷаҳониён аз терроризм дар изтиробанд ва ба тарзи муштарак роҳи халосиро аз он меҷўянд, таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки мубориза бо чунин зуҳурот кори осон ҳам нест. Ё магар аллакай фаромўш гардидааст, ки террористон ватан, мазҳаб ва муқаддасот надоранд?

Маҳз ҳамин ҳидоятгарон ва ташкилкунандагони ошўб буданд, ки мехостанд, баъди 24 соли Истиқлолияти давлатии кишвар дубора онро ба хоку хун яксон кунанд. Онҳо фаромўш карданд, ки имрўз мардуми бо ору номуси тоҷик дигар шудаанду ҷомеаи ҷаҳонӣ барояшон дарси хуби бедорӣ ва ҳушёрии сиёсиро омўзонидааст.

Дар ҳамин ҷо хеле бамаврид мешуморем, ки нуқтаи назари Пешвои халқу миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба таҳдиду хатарҳои замони муосир ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии мамлакат баён гардидааст, айнан иқтибос оварем:

«Тоҷикистон ҷонибдори эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани ҳадафҳои миллӣ ва саъю қўшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид сохтани ҷаҳду талоши ҳамаи давлатҳои манфиатдор барои вокуниши муносиб дар рўбарўи таҳдиду хатарҳои замони муосир мебошад.

Мо имрўз бори дигар эълон медорем, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дўстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманд густариш диҳад.

Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии мусолиматомези худ ҷонибдори он аст, ки низоми имрўз ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, хушунату зўроварӣ ва таассубу бадбинии миллӣ ва диниву фарҳангӣ комилан озод бошад ва бар пояи шарикиву ҳамкории баробару судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад.

Ҳамаи хатарҳо ба сулҳу субот ва амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бояд бо роҳи созишу муколамаи созанда ва бар асоси муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони глобалии танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ бартараф карда шаванд».

Ана, ҳамин тариқа, корвони адолату ҳамкорӣ ҳамеша бо роҳи рост пеш меравад, вале хусумату кинаву бадхоҳиҳо ҷониби вай бо чашмони ҳасуд нигариста, гоҳе аз худ доғ ҳам гузошта мемонанд.

Маҷид КАРИМ,
муҳаррири бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

5 Комментариев для “САҲА: амали нигаронкунанда”

  1. Созмондиҳандагони нишасти мазкур хуб медонистанд, ки дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ ва пайравони он, ки дар ҳаводиси нангбори моҳи сентябр даст доштанд, ҷазо гирифтанд ва аз ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё дар ягон кишвари дигари ҷаҳон имкони афви террористон вуҷуд дорад? Ва дар ҳоле ки имрўз кулли ҷаҳониён аз терроризм дар изтиробанд ва ба тарзи муштарак роҳи халосиро аз он меҷўянд, таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки мубориза бо чунин зуҳурот кори осон ҳам нест. Ё магар аллакай фаромўш гардидааст, ки террористон ватан, мазҳаб ва муқаддасот надоранд?

    1. Пешвои миллат борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид мекунанд, ки терроризм дин, мазҳаб, миллат ва ватан надорад. Ин ҳақиқат аст, онҳо танҳо ба номи дини Ислом иснод меоранду бас!

  2. ин қабил созмонҳо гӯё ба хотири манфиати танҳо Аврупо нигаронида шуда бошанд, фаъолият доранд. Мо бо андешаи онҳо муқобил ҳастем. ҲНИТ -ро ҳеҷ кас беасос ҳизби террористиву экстремистӣ эълом накард, балки амалҳои онҳо исбот карда шуда, нисбаташон чораандешӣ шуд.

  3. Ин як нишасти ифротие беш нест. Бешубҳа, дар ташкили он гурӯҳҳои мухолифини тоҷик, аз ҷумла, ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи Наҳзати исломӣ даст дорад. Андешаҳои онҳо беасос аст. Мо дигар ба ин найрангбозиҳо фирефта нахоҳем гашт!

  4. Созмондиҳандагони нишасти мазкур хуб медонистанд, ки дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ ва пайравони он, ки дар ҳаводиси нангбори моҳи сентябр даст доштанд, ҷазо гирифтанд ва аз ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё дар ягон кишвари дигари ҷаҳон имкони афви террористон вуҷуд дорад? Магар онҳо терроризмро ҷонибдорӣ мекунанд? Дигар ба ин гуна нишастҳо бовар накунед!!!

Leave a Reply to Фаррух Камолов Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *