Рушди саноатӣ-инноватсионии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммоҳо, омилҳо ва таҷрибаи ҷаҳонӣ

Дар толори калони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ конференсияи вилоятии илмӣ-амалии олимони ҷавон таҳти унвони “Рушди саноатӣ-инноватсионии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммоҳо, омилҳо ва таҷрибаи ҷаҳонӣ” бахшида ба ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини директор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Мирпочоев Далерҷон Алиҷонович оғоз гардида, дар он олимони ҷавони вилоят, унвонҷўён, намояндагони мактабҳои олии вилоят, устодону донишҷўёни донишкада ширкат варзиданд.

Дар конференсия маърўзаҳои намояндагони соҳаҳои тиҷорат ва бонкӣ, аз ҷумла, сардори департаменти стратегия ва рушд дар ҶСК “Бонки Эсхата” – Фурқатулло Исматуллоев, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ (“МОИ Суғд”) – Эшматов Ҷавоҳир Шукридинович шунида шуданд.

Ҳамчунин олимони ҷавони мактабҳои олии вилоят, аспиранти кафедраи назарияи иқтисоди ДДҲБСТ – Гадойбоев Субҳонҷон Ғуфронҷонович, магистранти курси 1-уми ихтисоси зеҳни сунъӣ Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ  – Сангинов Саидиқбол, магистранти курси якуми ихтисоси молия ва қарзи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ – Бақоева Адибахон маърўзаҳои илмӣ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *