
Бахши молиявии иқтисодиёти ҳар кишвари муосир дар шароити шиддат ёфтани рақобати ҷаҳонӣ ва густариш ёфтани равобити байналмилалӣ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии ҷаҳонӣ, мақоми боризро ишғол мекунад. Мақоми бахши молиявӣ, алалхусус низоми молиявии кишвар, ки бо низоми буҷетию андоз, низоми пулу қарз ва бонкдорӣ муаррифӣ мегардад, дар рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ, ки ҷузъи комилҳуқуқи равобити иқтисодии байналмилалӣ мебошад, торафт иқтидори тоза ёфта истодааст. Аз ин рў, вазифаҳою дастовардҳо ва дурнамои тараққиёти ниҳодҳои молиявию қарзӣ ва пулию бонкдорӣ дар доираи таҳлил ва ташхиси Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, дар паёмҳои ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад.
Дар мақолаи мазкур ҳадаф гузошта шудааст, ки вазъи муосири бахши молиявии иқтисодиёти миллӣ ва дурнамои тараққиёти он вобаста аз муҳтавои Паёми Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тавсиф ва таҳқиқ қарор дода шуда, дар ин асос хулосаҳои амалӣ таҳия карда шаванд.
Таи даҳсолаи охир иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти таъсири шадиди бўҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ қарор гирифта, паёмадҳои хос низ дар бар дошт, ки дар натиҷаи роҳандозӣ ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи молиявии давлат оқибатҳои манфии он барои қишрҳои мухталифи ҷомеа, ва бахусус ба соҳаҳои хоҷагии миллӣ то ҳадди ақал оварда шуданд.
Дар бобати вазъи ҷаҳони имрӯза дар Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024 чунин қайд шуд: «…нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем» Дар ҳақиқат, мушоҳида ва таҳлили рақамҳои омори ин давра гувоҳи гуфтаҳои Пешвои миллат буда, таъсири номатлуби бўҳрон ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ то ҳадди ақал оварда шудаанд. Суръати афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ яке аз нишондиҳандаҳои хеле ҳассоси иқтисодӣ буда, дар сатҳи муайян нигоҳ дошта шуда, дар соли 2024 суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шудааст. Барои мамолики рў ба тараққӣ, ки Тоҷикистон низ аз ҷумлаи чунин мамлакатҳо арзёбӣ мешавад, танзими сатҳи таваррум низ аз рўи суръати 3,6 фоиз дар соли 2024-ум аз дастовардҳои баланд гувоҳӣ медиҳад.
Дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат иброз гардид, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.
Дар ин муддат, яъне дар панҷ соли охир, сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард.
Яъне дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд.
Нишондиҳандаҳои зикршуда ба идома пайдо кардани тамоюли беҳтар гардидани вазъи низоми молиявию қарзии мамлакат замина муҳайё намуданд.
Дар ҷадвали поёнӣ пўёии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодию низоми молиявии Тоҷикистон аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гирд оварда шудаанд (ҷадвали 1.)
Ҷадвали 1.
Рушди нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодию низоми молиявии
Тоҷикистон аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
| № | Номгўи нишондиҳандаҳо | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2020 | 2021 | 2022 | 2023 | 2024 |
| 1. | Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (ММД), млрд. смн. | 48,02 | 54,06 | 60 | 68,8 | 78,0 | 82,5 | 95 | 115 | 130,02 | 150,03 |
| 2. | Суръати солонаи афзоиши ММД, % | 6 | 6,9 | 7,1 | 7,3 | 7,5 | 4,5 | 8,9 | 8 | 7,9 | 8,4 |
| 3. | Суръати солонаи афзоиши ММД ба ҳар сари аҳолӣ, % | 3,8 | 3,9 | 4,37 | 4,67 | 4,65 | 0,6 | 5,2 | 4,8 | 4,6 | 5,1 |
| 4. | Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ, млрд.смн | 15,3 | 18,3 | 19,6 | 21,75 | 24 | 24,3 | 30,05 | 33,0 | 37,1 | 42,9 |
| 5. | Сатҳи солонаи таваррум, % | 5 | 6 | 6,3 | 5,4 | 5,5 | 6,2 | 5,1 | 5,0 | 4,02 | 3,6 |
| 6. | Пастравии солонаи (болоравӣ) сатҳи камбизоатӣ, % | 31 | 34 | 32 | 29,5 | 29,3 | 26,3 | 25,3 | 22,5 | 21,2 | 20,02 |
| 7. | Даромади пулии аҳолӣ, млрд. смн | 25,4 | 31,4 | 29,9 | 41,1 | 43,9 | 48,2 | 75 | 87 | 112,7 | 147 |
Сарчашма: Аз ҷониби муаллиф дар асоси омўзиш ва таҳлили Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои дахлдор таҳия карда шудааст.
Аз нишондиҳандаҳои ҷадвали болоӣ дида мешавад, ки новобаста аз таъсири номатлуби омилҳои бўҳронӣ ва падидаҳои дигари сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, қиматҳои нишондиҳандаҳои бахши молиявии иқтисодиёти миллӣ тамоюли хуб доранд. Албатта дар низоми молиявии кишвар дар даҳсолаи охир камбудиҳои назаррас низ мушоҳида гардидааст, ки аз ҷониби Пешвои миллат низ дар паёмҳояшон таъкид гардида буд. Масалан, дар Паёми Пешвои миллат аз 22.12.2017 дар бобати сустии низоми бонкии кишвар дар давраи ҳисоботӣ чунин омада буд: «Вазъи низоми пуливу қарзии кишвар, бахусус, фишори қурб ба асъори миллӣ, ноустувории сармояи бонкӣ, сатҳи нокифояи қарздиҳӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармоя моро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир андешем.
Соли ҷорӣ ҳаҷми қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо нисбат ба соли 2016-ум 4 фоиз коҳиш ёфт. Чунин вазъ дар натиҷаи фаъолияти суст ва саҳлангории роҳбарону масъулони як қатор бонкҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ба амал омад.
Баъди сармоякунонии давлатии ду бонки низомсоз ҷиҳати беҳтар намудани вазъи молиявии онҳо ва пардохти пасандозҳои мизоҷон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Вале корҳои иҷрошуда барои пурра солим гардонидани вазъи молиявии ин ду бонк кофӣ нестанд».
Ҳамин сабаб шуд, ки маблағи солонаи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар аз 11,2 млрд. сомонии соли 2016 то 9 млрд. сомонӣ дар соли 2017 ихтисор шуд. Суръати афзоиши он бошад дар ин давра аз 24,4 фоиз дар соли 2016 ба қимати манфии – 5 фоиз дар соли 2017 поён рафт.
Новобаста аз тамоюлоти номатлуб дар бахшу шохаҳои гуногуни низоми молиявии кишвар, нишондиҳандаҳои макроиқтисодии соҳаи молия ва қарз дар давраи таҳлил тавсифгари онанд, ки тараққиёти бахши молиявии иқтисодиёти миллӣ дар солҳои охир бо дарназардошти пиёдакунии ҳадафҳои стратегии давлат, ки аз ҷониби Пешвои миллат дар паёмҳои қаблӣ ба Маҷлиси олӣ гузошта шуда буданд, таъмин карда шудааст. Аз назари мо дар пиёдакунии пурраи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва хосатан вусъат бахшидани суръати иҷрои ҳадафи чаҳоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ, дар бахши молиявии иқтисодиёти миллӣ татбиқ намудани чораҳои зерин аҳамияти аввалиндараҷа дорад:
– таҳкими устувории низоми бонкӣ тавассути боло бурдани боварии муштариён ба ин низом аз тариқи риояи бечунучарои нишондиҳандаҳои меъёрии назоратӣ. Зеро вайрон шудани ин нишондиҳандаҳои меъёрӣ аз ҷониби бонкҳои низомсози кишвар дар соли 2016 нишон дод, ки боварии муштариён ба низоми бонкии кишвар хеле паст рафта, натиҷаҳои номатлуб рўи кор овард;
– ба таври воқеӣ амалӣ кардани чораҳои ҳавасмандии соҳибкорони хурду миёна ва хосатан соҳибкорони соҳаи саноат аз тариқи имтиёзҳои андоз, гумрук, ба расмиятдарории сода ва сабук кардани дигар чораҳои назоратии фишоровар. Дар панҷ соли охир шиддати андозбандӣ ва низоми боҷҳои гумрукӣ аз ҷониби коршиносони бонуфузи дохилу хориҷ хеле гарон арзёбӣ шуда истодааст, ки натиҷааш паст рафтани нишондиҳандаҳои ҷамъоварии андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ мебошад. Иҷроиши нақшаи даромадҳои давлатӣ сол аз сол мушкил шуда истодааст;
– таъмини амнияти сармоягузор ва сармояи ватаниву хориҷӣ. Дар даҳ соли охир бо таъсири ҳар сабабу омил сармояи ҳангуфти соҳибкорони ватанӣ бе сару садо аз иқтисодиёти кишвар ба минтақаҳои озоди иқтисодии хориҷа бароварда шудааст, ки муайян кардани ҳаҷму динамикаи он таҳлилу омўзиши алоҳидаро талаб мекунад.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат бошад дастуру пешниҳодҳои зерини калидӣ барои таъмини рушди устувори бемайлони иқтисодии кишвар барои солҳои минбаъда ироа гаштанд, ки бешубҳа стратегияи устувори рушди кишварро муаррифӣ хоҳад кард:
- аз ҳисоби ҳамаи захираву имкониятҳои дохиливу берунаи тараққиёт, суръати рушд дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад;
- дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд;
- идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад;
- ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод гашт, ки солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд;
- дар ин росто зиёд кардани шабакаҳои хадамоти бонкӣ то минтақаҳои дурдасти мамлакат, то охири соли 2025 то 100 млрд. сомонӣ расонидани маблағи қарз барои бахши хусусӣ, гузаронидани ҳамаи пардохтҳо ба буҷет ва фондҳои мақсадноки давлат ба тариқи ғайринақд дастур дода шуд;
- дар ҷодаи тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ бошад, ҷиҳати такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқию меъёрӣ, то шабакаҳои панҷ-ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ дастурҳои мушаххас ироа гаштанд.
ТЎХТАЕВ Т.М. – н.и.и., дотсенти кафедраи
молия ва қарзи ДИС ДДТТ
