РОВИЁНИ ХИЁНАТПЕШАИ ИБЛИССИФАТ!

Имрӯзҳо як қатор бадхоҳони давлату миллат бо пуштибонии хоҷагони худ дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, барои амали намудани нақшаҳои муғризонаи худ, то ҳоло даст накашида, нисбат ба давлату миллати кишвари соҳибистиқлоламон хиёнаткорӣ менамоянд. Хоинони миллат имрӯз бо номи “Паймони милли…” бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, азҷумла, сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет”(Ислоҳ.ТВ) намоён мешаванд ва аслан ҳамон ТТЭ ҲНИ мебошад, ки рангу пўсташро тағийр додаст. Бояд қайд кард, ки имрӯз раҳбари он Кабирӣ ва ҳамммаслаконаш зери нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, мехоҳанд боз ба майдони сиёсӣ ворид шуда, кинаву адоват кошта, мухолиф ба арзишҳои миллии давлату миллати тоҷик мебошанд. Ин гурӯҳаки хиёнатпешаи иблиссифат, бахусус Муҳаммадиқболи Садриддин- ровии “Минбари муҳоҷир”, инчунин Абдухалил Восев- ровии “Дурахши ҳақ”ва дигаре бо номи Хусейн Ашӯров-ровии “Ҳақ ва ботил”мебошад, ки бо ғарази ирсӣ ва фармоиши хоҷагони аҷнабӣ хабарҳои бофтаю сохтаи бархе нафарони худозадаро чун ҳақиқати воқеӣ нишон дода, ба миллату давлат хиёнатро пеша намудаанд. Ин гуруҳаки ровии хиёнатпешаи иблиссифат барои аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, кўшиш дорад. Хушбахтона, ин гуна ровиёни иблиссифт ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар коре надоранд. Хулоса, стратегияи асосии “Паймони милли” ин касби қудрат ва барпо доштани салтанати исломӣ дар Тоҷикистон буда, тавассути раванди тактикӣ – дарёфти маблағ, иғвогарии матбуотї ва интернетї, ноҷӯр сохтани авзоъ дар минтақа аҳдофи стратегиашро роҳандозї менамояд. Пӯшида нест, ки дар кишварҳои Аврупо дар мадди аввал иқомат доштан, душвориҳо ба миён меояд ва он гаронбаҳо аст, агар пули бедарди миён ва ё пуштибонӣ дошта бошад. Маблағгузориву пуштибонии хоҷагони хориҷӣ аст, ки роҳбарияту аъзоёни наҳзатиҳо боз кӯшиш доранд ба майдони сиёсӣ ворид шавад. Хулоса, ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест ва дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки роҳбарияту аъзоёни имрузаи паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..”ва хоҷагони хориҷиашон фаромӯш кардаанд, ки халқи Тоҷикистон дигар ба макру фиреби ин гуруҳаки иблиссифат, бо ибораи дигар ровиёни хиёнатпеша намефтанд ва онро доимо шадидан маҳкум менамоянд. Баробари ин, ба ҳар шаҳрванди кишвар таъкид бар он карда мешавад, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсииро аз даст надода, бар зидди ин гуруҳҳои нохалафи иблиссифат, ки мехоҳанд бо ҳилаву фириефта намуда, ҷомеаи моро ноором кардани ҳастанд, муборизаи беамон бояд бурд. Воқеияти имрӯза тақозо менамояд, ки зиддӣ терроризиму ифротгароӣ тамоми давлатҳо дастҷамъона мубориза баранд. Хулоса, дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мо ҳама муттаҳид бошем. Умуман, мо имруз баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи бадхоҳони миллат муборизаи беамон мебарем ва барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор ҳастем!

М.АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *