РОВИИ ИҒВОГАРИ ИБЛИССИФАТ

          Мо санаи 24 майи соли равон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тасодуфан ба барномае  бо номи “Минбари муҳоҷир” рӯ ба рӯ гаштему нисбат ба М.Садриддин, ки яке аз узви фаъоли ТТЭ ҲНИ мебошад, ғазабу нафратамон дучанд шуд. Ҳар кас аввал  аз суханронии Муҳаммадиқбол гумон мекунад, ки асосан ба масоили муҳоҷирони меҳнатӣ бошад. Вале, баръакс ин худнамоишии Муҳаммадиқболи бешарафи ровии иблиссифат аст! Худро “уламои дину адолатпарвар” шуморида, зимни суҳбаташ нисбат ба нафарони муроҷиатдошта дағалона рафтор менамуд. Баробари ин, ҳар кас мушоҳида мекунад, ки М.Садриддин бо ғарази ирсӣ ва фармоиши хоҷагони аҷнабӣ хабарҳои бофтаю сохтаи бархе нафарони худозадаро чун ҳақиқати воқеӣ нишон доданисту ҳангоме, ки бо далелҳои қатъӣ хато будани ақидаҳояш ошкор мешавад, руҳияту авзояш тағйир ёфта, асабонӣ мешуд. Дар ин лаҳзаҳо аён мегардад, ки ӯ ба табобати равоншиносон ниёз дорад. Дар аёми наврасиаш чун ҳол дошт. Тавсия медиҳем, ки Муҳаммадиқбол бояд, фавран дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ бистарӣ карда шавад! Дар акси ҳол, чун саги девонаи сироятзада бо газидани дигарон манбаи паҳни беморӣ мегардад, ки хатаровар бар ҷомеа мебошад.

       Хулоса, аз рафти барномаи ифротии М.Садриддин як нуктаи асосииро бояд қайд кард, ки умуман он ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ ҳеҷ рабте надорад ва мебоист дар барнома масъалаҳои марбут ба муҳоҷираш ҳаллу фасл гарданд. Аммо, ин мунофиқ, нисбат ба масоили суръати пасти интернет, системаи маорифу алоқаи  кишвари соҳибистиқлоламон суханчинӣ мекунаду аз ҳаёти муҳоҷирон сухане намегӯяд. Аслан нафари ватангадову зархаридро чӣ кор аст ба ҳаёти ҷомеаи кишвари соҳибистиқлоламон ва нисбати роҳбарияту кормандони давлатӣ сухани носазо гӯяд!  Мо бояд ҳақиқатро аз дурӯғ ва иблиссифатро аз инсони комил фарқ кунем. М.Садриддин чизе барои баҳс наёфта пеш аз пода чанг мекунанд. Мо қабланзимни андешаҳои қаблиамон зикр карда будем, боз таъкидан такрор карда гуфтанием, ки бигузор Муҳаммадиқболи Садриддин- ровии иғвогари иблиссифат  ҷазояшро бигирад ва ин амалаш ба дигарон дарси ибрат шавад. Бояд хотиррасон кард,ки воқеан вақт довар аст ва ниҳоят ҳақиқат ғолиб меояд. Он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст.Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз мешукуфад.

Ф. ҚУРБОНОВ,

мудири бахши кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *