Роғун муҷассамаи истиқлолияти Тоҷикистон аст

Шукри Истиклолият, шукри сулҳу субот дар Тоҷикистонро мекунем, ки маҳз ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мухтарам, Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти тинҷу осоишта ба сар мебарем. Сиёсати хирадмандона ва сулҳҷўёнаи  сарвари  давлат аст, ки Тоҷикистони азизамон 28-сол инҷониб соҳибистиқлол аст. Дар даврони соҳибистиқлоли миллати тоҷик бо сарвари оқилаш кўшиш дорад, ки ватани худро ободу зебо гардонад. Бино шудани биноҳои баландошёна, мактабҳои замонавӣ, муассисаҳои тандурустиву фарҳанги далели гуфтаҳост. Бунёдшавии неругоҳи барқии обии роғун дар ҷумҳурӣ ин дастоварди бузурги халқи тоҷик аст. Роғун мушкилтарин тарҳе аст, ки саддҳои сиёсиву иқтисодӣ дошт ва аз чанд таҳқиқи байналмилалӣ гузашт. Шаҳрвандони Тоҷикистон ояндаи кишвари худро ба шурӯи фаъолияти нирӯгоҳ вобаста мекунанд.

Аҳамияти бунёдшавии Роғун барои иқтисодиёти кишвар хеле бузург аст. Мардуми Тоҷикистон солҳо аз бебарқӣ азият мекашиданд ва ба гуфтаи мутахассисон иқтисоди кишвар ҳам аз бебарқӣ хисороти азиме дидааст. Дар ҳамаи соҳаҳо барои рушд албатта нақши қувваи барқ зиёд ст. Тоҷикистон як кишваре аст, ки қувваи кории барзиёд ва маъданҳои зиёди зеризаминӣ дорад. Зарурати барқи Роғун дар он аст, ки якум мо метавонем, коркарди захираҳои куҳиро васеъ ба роҳ монем, аз ин ҳисоб ҷойҳои кории зиёде эҷод кунем ва тавонем, ки як силсила занҷираи истеҳсолиро то тайёр намудани маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монем.

Аз гуфтаҳои болоӣ бармеояд, ки моён ҷавонон ва ҳар як фарди тоҷику тоҷикистониро мешояд, ки ба қадри ин неъмати бузург- Истиқлолияти давлатӣ расида баҳри гулгулшукуфоии кишварамон  ҳарчӣ бештар кўшиш ба харҷ диҳем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *