“Роғун” ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрўзу фардои мост!

“Нерӯгоҳи “Роғун” самара, яъне фарзанди истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо буда, ба кор оғоз кардани агрегати дуюми он дар рӯзи таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ туҳфаи олӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту хашт сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷўъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас аст.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст. Дар ин рузи фарах шуморо бо иди милли табрик намуда, бароятон тамоми хушихои оламро таманно мекунам. Истиклол муборак!!!

Имрӯз барои кулли тоҷикону тоҷикистониён рӯзи фарахбахшу таърихист. Ба кор оғоз намудани чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии Роғун, ки рамзи саодату кафили рушди минбаъдаи кишвар аст, дар рӯзи таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шодмонии мардумро дучанд афзуд. Ва ба ин рӯз рост омадани ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун ин хушбахтии ҳар як фарди тоҷик мебошад. Вақте Сарвари тоҷикони ҷаҳон, Пешвои сулҳовару тамаддунофар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз сарбандҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дидан карда, баъдан ба фаъолияти агрегат оғоз бахшиданд, бовар дорам, он лаҳзаҳо дили ҳар сокини ватандӯст пур аз фараҳ буд.

Шахсан ман, дар симои Роғун ба ояндаи нурбори кишвар, ба фардои неку умедбахши халқи тоҷик назар кардам.

Ин рӯзи хуҷастаро, ки маҳз талошҳои пайгиронаи Президенти хирадпарвару ояндабинамон ба мардум наздик намуд, метавон тулуи нек баҳри фардои дурахшон номид. Воқеан, ҳам, аҳамияти ин иншооти бузург барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон бузург буда, он ҷиҳати пешрафти иқтисодии кишвар шароити мусоид фароҳам меоварад.

Дар тантанаҳои ифтитоҳи чархаи дуюми НБО Роғун Пешвои муаззами миллат барҳақ фармудаанд: “Роғун” манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!”

Мо бо Пешвои муаззами миллат ифтихор менамоем ва боварӣ дорем, ки НБО Роғун бо нури дурахшони худ хонаи ҳар як тоҷик ва тоҷикистониро мунаввар мегардонад.

Раҷабов Раҷабмуҳаммад,
Исроил Иброҳимов,
устодони кафедраи математика ва
технологияи инноватсионии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *