РОҒУН БОИСИ ИФТИХОРИ МИЛЛИИ МО!

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо бо оромиву осудагӣ ва пешрафту созандагиаш ба як сарзамини биҳиштосо табдил ёфта, мардуми заҳматкашу меҳнатқаринаш барои боз ҳам ободу зебо гаштани ин диёри ҳамешабаҳор якдилона талош мекунанд ва бо шукргузорӣ аз Истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар, дар атрофи андешаҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат муттаҳид гардида, барои ободии Ватан ва тақвияти руҳияи истиқлол саъю талош меварзанд.

Мо – мардуми тоҷик дар атрофи Пешвои муаззами миллати худ муттаҳид мешавем ва сиёсати оқилонаи  он касро пурра ва ҳаматарафа дастгирӣ менамоем. Бо ҳамин амал ва нияти нек мо Ватамонро ободу пешрафта мегардонем. Ояндаи наздик тамоми агрегатҳои НБО  Роғунро ба кор дароварда, бо амалҳои неки худ даҳони душманони «худӣ»-амонро  муҳри хомӯшӣ мезанем. Санаи 9-уми сентбр ба шарофати 28-умин солгарди Истиылол бо ифтитоҳ шудани агрегати дуюми НБО Роғун мо дӯстии халқҳои гуногунмиллат, меҳнатдӯстӣ, ободкории халқамон, мушкилнописандии Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар дидем. Бо ба кор андохтани чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» давлату миллати тоҷик ба марҳилаи нахустини татбиқи ҳадафи стратегӣ – истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон даст ёфт. Тамоми расонаҳои хабарии ҷаҳон, коршиносону мутахассисони соҳавии кишварҳои дигар ин рўйдоди муҳим ва санаи барои миллати тоҷик фаромўшнопазирро дар сархати барнома ва андешаҳои хеш гузошта, ба ибораи нависанда ва публисисти рус Александр Проханов бунёди ин тамаддунро «иншооти президентӣ» унвон карданд. Бори дигар қоил шудем, ки одам бо дилу нияти пок кӯшиш кунад, ба ҳамаи ниятҳои некаш мерасад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  Президенти Жумбурии Тоҷикистон бори дигар бо суханони рӯҳбаландкунандаи худ, бо ҳидоятҳои созандаи худ, бо азми қавии худ исбот намуданд. Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш буда, баландии сарбанди он 335 метр мебошад, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад ва бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон ва аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоёни роҳи дурахшони мамлакат шабурӯз дар майдони кори неругоҳ заҳмат кашида, ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ пурра ба истифода додани «Роғун» тадбирҳои муассир меандешанд. Онҳо хуб медонанд, ки бунёди «Роғун» ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.

 Ҳамин аст, ки Нер=гоҳи барқи обии «Роғун» – кохи нури Тоҷикистон на танҳо ба халқи тоҷик нуру рӯшноӣ медиҳад, балки барои боз ҳам беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миқёси байналхалқӣ мавқеи хешро боз ҳам устувортар гардонид, шодиву нишоти мардуми шарифи кишвар ҳадду канор надорад, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги он амалӣ гардид.

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *