РОҲҲОИ ТАҲКИМБАХШИИ ГУНОГУНСАМТИИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИВУ РАҚАМӢ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ бахшида ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи илми тоҷик ва ҳафтаи илм конференсияи анъанавии илмию амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “Роҳҳои таҳкимбахшии гуногунсамтии иқтисодиёт ва татбиқи технологияҳои инноватсиониву рақамӣ дар истеҳсолот” баргузор гардид.

IMG_2319
IMG_2323
IMG_2326
IMG_2329
IMG_2344
IMG_2350
previous arrow
next arrow
IMG_2319
IMG_2323
IMG_2326
IMG_2329
IMG_2344
IMG_2350
previous arrow
next arrow

Конференсия бо сухани ифтитоҳии директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан оғоз гардид. Масуф зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиён, донишмандон ва аҳли маорифи кишвар бо мақсади пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, бахусус, илму техника ва тақвияти тафаккури техникии ҷавонону наврасон дастурҳои мушаххас доданд. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон барои пешрафти фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат, ташаккули низоми самараноки инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатнокии истеҳсолот, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот, суръатбахшии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиро фароҳам овардааст.

Мавриди зикр аст, ки дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ аҳамияти ҳамаҷониба дода мешавад. Дар се моҳи аввали соли 2021 панҷ нафар унвонҷўён: Нуралиева М.М, Бобоҷонова М.М.,  Шарипова Ш.А., Раҳимов С.Қ.,  Ахмедов К.А сарбаландона рисолаҳои номзадии худро дар ҷодаи илмҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ дифоъ намуданд.

Албатта, барои онҳое, ки рисолаҳои номзадии худро дифоъ менамоянд, аз тарафи раёсати донишкада ҳаматарафа дастгирӣ карда мешаванд. Тибқи қарори Шўрои олимон барои устодоне, ки рисолаи номзадии худро дифоъ менамоянд, 3 ҳазор сомонӣ ва устодоне, ки рисолаи докториро дифоъ менамоянд 5 ҳазор сомонӣ маблаѓ ҷудо карда шуда, ҳамчунин роҳбарони корҳои илмии устодон низ ба мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар донишкада пайваста конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва донишкадавӣ баргузор мегарданд ва мақолаҳои пешниҳодгардидаи устодону муҳаққиқон дар шакли китоби алоҳида ба нашр мерасанд. Аз ҷумла, ҳамаи шумо огоҳ ҳастед, ки санаи 26 феврали соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Кохи Рўдакӣ” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ: роҳҳои татбиқи натиҷаҳои онҳо дар истеҳсолот” бо ибтикори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Баъди сухани ифтитоҳии директори донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан маърӯзаҳои устодон: Ғозибеков Садриддин Арслонбекович, мудири кафедраи менеҷмент, доктори илмҳои иқтисод, профессор дар мавзӯи “Цифровизация экономики: сущность и содержание”, Бобоҷонова Муаттар Муродҷоновна, мутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва машварат оид ба “Такмили механизми танзими шуғли аҳолӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ”, Аскарова Санавбархон Султонхоҷаевна, докторанти бахши 1, аз рӯи ихтисоси 6D050602 – иқтисодиёти минтақа перомуни “Ташаккули муҳити инноватсионӣ ҳамчун омили навсозии иқтисодиёти минтақа” шунида шуданд.

Ҳамчунин Мамадалиева Гулсанам Тоҳировна, муаллими калони кафедраи математика ва технологияи информатсионии донишкада оид ба мавзӯи “Влияние искусственного интеллекта на развитие экономики”  маърӯза намуда, донишҷӯи соли дуюми ихтисоси молия ва қарз Фирӯз Урунов бо забони англисӣ перомуни “The Importance of Digital Security in Interprises” маърӯза намуданд.

Конференсияи илмию амалии “Роҳҳои таҳкимбахшии гуногунсамтии иқтисодиёт ва татбиқи технологияҳои инноватсиониву рақамӣ дар истеҳсолот” то санаи 1 майи соли 2021 дар бахшҳои алоҳида идома хоҳад кард.

Дар назар аст, ки дар конференсия беш аз 400 мақола мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода шуда, нигоштаҳои олимону муҳаққиқони ҷавон дар шакли маҷмуаи алоҳида ба нашр хоҳад расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *