Роҳҳои пешгирии зуҳуроти номатлуб

 

Авзои сиёсии ҷаҳони муосир пурпечетутоб буда дар он гурӯҳҳои зиёди иртиҷоӣ, ки зидди ҳукуматҳои қонуни ҳастанд, фаъолияти махфӣ ва ошкоро бурда, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ доштаро ба сафи хеш ҷалб менамоянд, онҳоро бо роҳи амалҳои ғайриқонунӣ сарфарбар месозанд, ки ин ҳодиса яке аз зуҳуроти номатлуб дар мамлакатҳои зиёди дунё мебошад.

Дар бобати ҷавонон ва саҳми онҳо дар ҷомеа Асосгузои сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои хеш таъкид намуданд, ки онҳо ба дӯстдоштани Ватан, худшинос будан ва касби хислатҳои ҷавонмардона даъват менамоянд.

Дар  Тољикистон  чун  дар  бисёр  кишварҳои  дигар  барои  ба  ҳадафҳои  сиёсӣ  расидан  аксаран  ташкилотҳои  экстремистӣ  ба  эътиќоди  динии шахсон  таъсир  расонида  мардумро  бовар  кунониданд,  ки  сиёсити  давлатдорӣ  бар  зидди  аќидаҳои  динии  онҳост  ва  ин  роҳу  воситаро  истифода  бурда,  мехоҳанд  дини  мубини  исломро  барои  ба  ҳадафҳои  нопоки  худ  ноил  шудан  истифода  баранд.  Барои  пешгирии  зуњури  хама  гуна   падидаҳои  терроризму  экстремизм,  хариду  фурўши  одамон  ва  коррупсия  мо   аз  тамоми  имконот  истифода  мебарем.  Ин  кор  аз  љониби  давлат   амалӣ  карда  мешавад,  аз  љумла  тавассути  таълиму  тарбияи  дурусти  ќонуну  ќоидаҳои  ислом,  ки  барои  ин  ҳамаи  шароитҳо  фароҳам  оварда  шудаанд.

Њарчанд  Истиќлолият  майдони  фароҳеро  барои  ихтиёдорӣ  ба  ќабули  санадҳои  њуќуќӣ  дода  бошад  ҳам,  миллатсозиву  љомеасозӣ  ва  бунёди  давлати  пешрафта  кори  хеле  мушкил  аст.

Њамагуна  ҳаракатҳои  динии  ифротгаро,  на  барои  ислоҳи  шуури  динӣ  аз  дохил,  балки  барои  вайрон  кардани  асосҳои  дин  дар  љомеа  ва  ниҳоят  барои  амалӣ  сохтани  маќсадҳои  сиёсӣ  таъсис  ва  таҳмил  дода  шудаанд.  Бо  сўиистифода  аз  эътиќоди  мардуми  мусулмони  ноогоҳ  мехоҳанд  ҳадафҳои  сиёсии  худро  амалӣ  созанд.

Аз  таърих  маълум  аст,  ки  дини  ислом  дар  густариши  ҳаракатҳои  миллӣ – озодхоҳӣ  наќши  муҳим  бозида,  вале  аз  љониби  гурўҳҳои  ифротӣ  барои  барангехтани  мунокишаҳои  сиёсӣ – динӣ  низ  истифода  шудааст.  Аз  љумла  баъзе  ҳаракатҳои  динӣ  ҳамкориҳоро  бо  кишварҳои  ғарб  намепазируфтанд  ва  ҳукуматҳои  ғарбгароро  бо  куфр  гунаҳкор  мекарданд,  вале  кишварҳои  мусулмонии  кафомонда  маљбур  буданд  ҳамкории  иктисодӣ  ва  илмӣ – техникиро   бо  ғарб  ба  роҳ  монанд,  зеро  дар  кишварҳои  шаркӣ  ҳанўз  ниҳодҳои  иктисодии  устувор  вуљуд  надоштанд,  ки  барои  рушди  љомеа  мусоидат  намоянд.  Тадриљан  маќсадҳои  ниҳоии  ин  ҳаракатҳои  озодихоҳӣ  тавонистанд  онҳоро  якљо  кунанд  ва  ин  раванд  дар  ташкил  гардидани  кишварҳои  Яман,  Либия,  Лубнон,  Урдун  татбики  амалии  худро  ёфт.  Аммо  дар  Туркия  бошад,  арзишҳои  миллӣ  хусусияти  умумидавлатӣ  дошта,  давлат  барои  интишори  забону  фарњанги  миллӣ  аз  ҳисоби  буљаи  давлат  маблағи  зиёд  сарф  мекунад,  яъне  меҳвари  асосии  тамоми  барномаву  накшаҳои  илмӣ,  фарњангӣ  ва  динӣ  рушди  илму  маорифи  миллӣ  аст.

Таљовузи  (экспансия)  экстримизми  динӣ  љиҳати  таъсис  додани  пойгоҳ  барои  таълим  додани  љавонони  аз  умули  динӣ бехабар,  ки  фардор  дар  куштану  тарконидани  мардуми  бегуноҳ,  вайрон   кардани  шаҳру  деҳоте,  ки  худашон  дар  он  љо  ба  воя  расидаанд,  даст  мезананд  мусулмонони  одиро  ба  ҳаяљон  овардааст.  Аз  ҳама  даҳшатовар  он  аст,  ки  терроризм  давлат  сарҳад  ва  миллат  надошта  хусусияти  трансмиллӣ  гирифта,   мусулмонони  бегуноҳ  ќурбони  ин  бозиҳо  шуда  истодаанд.

Муҳимтарин  масъала  имрўз  дар  минтака   таъмини  сулҳу  осоиштагӣ,  ҳамзистии  мусолиматомези  дин  бо  фарҳангҳои  гуногун  дар  љомеа  буда,  дар  ин  раванд  бояд  афзуд,  ки  ҳаракатҳои  динӣ  метавонанд  бо  дастгирии  соҳибони  хориљиашон    ҳамчуномили  тағйир  додани  вазъияти  сиёсӣ  истифода  шаванд.

Давлати  муосири  миллӣ  дар  заминаи  ҳифз  ва  рушди  арзишҳои  миллӣ  ва  ҳувияти  миллӣ  арзи  вучуд  карда  метавонад.

Дар  замони  љаҳонишавии  босуръат  мо  амнияти  давлат  ва  љомеа,  ваҳдати  миллӣ,  зиндагии  орому  осуда  ва  устувории  пояҳои  давлатдории    миллиамонро  ҳамон  вакт  пурра  таъмин  карда  метавонем,  ки  барои  баланд  бардоштани  маърифати  сиёсӣ  ва  худогоҳиву  худшиносии  миллӣ  пайваста  саъю  талош  варзем  ва  кўшиш  намоем,  ки  арзишҳои  диниамон  барои  рушди  давлатамон  хизмат  намоянд  ва  ба  ҳаёти  маънавии  мо  ранги  тоза  бахшанд.

Боиси қайд аст, ки амалҳои террористии замони муосир хислати муташаккилиро касб намудаанд. Вазъияти Ироқу Сурия ва дигар кишварҳо, ки таҳти нуфузи гурӯҳҳои террористӣ қарор доранд ба ҳамагон равшан аст. Чи тавр зуҳуроти номатлубро пешгири бояд намуд? Пеш аз ҳама, маърифати ҳуқуқи ва сиёсии ҷавононро баланд намуда, муқаддас будани Ватан, модар, сулҳ ва арзишҳои дигарро фаҳмонидан лозим аст.

Мо  бояд  ба  наслҳои  љавон,  ки  идомадиҳандаи   рисолати  бузургу  таърихии   давтатдориамон  мебошанд,  пайваста  таъкид  намоем,  ки  аз  таассубу  хуруфотпарастӣ  ва  ифротгароиву   тангназариҳои  диниву  мазҳабӣ  дур  бошанд.  Инчунин  мо  вазифадорем,  ки  ҳисси  ифтихори    миллӣ  ва  ватандўстиву    меҳнатпарастии  фарзандони  худро  таќвият  бахшем,  то  ки  онҳо  арзишҳои   фарҳанги   ғаниву  рангоранги  гузаштаи  миллати  худро  кадр  намоянд.

Мо ҷавонони саодатмандӣ давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва тамоми қишрҳои ҷомеа, даст ба дасти ҳам гирифта ба муқобили терроризм ин зуҳуроти номатлуби давр мубориза барем то ин ки сарзамини биҳиштосо, ором ва ободро аз ин ҳам ободтар созем ба наслҳои оянда мерос гузорем.

   Саидова Зарина.

ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *