РОҲИ ПАЙМОНИ ХУДСОХТИ НАҲЗАТӢ ТИРАВУ ЗУЛМОТ АСТ!

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки соли охир, бахусус моҳи октябри соли равон фаъолияти тарғиботӣ-ташвиқотии ташкилотҳои террористӣ, экстримистӣ, ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, баҳри сафарбаркунии ҷомеа ба ҳолати зиддиятнокии сиёсӣ ё динӣ ба назар мерасанд. Ин ҳолат асосан дар сомонаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Однокласники” ва дигар барномаҳои месенҷерӣ натиҷаи чунин фаъолият ба мушоҳида мерасад. Чунончи бештари ҳаммаслакону думравони худсохти наҳзатӣ -“Паймони миллӣ” дар Аврупо паноҳ ёфта, тибқи дастуру кўмакҳои молиявии хоҷагони хориҷиашон аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашида, тариқи сомонаи ифротии “Ислоҳ нет”, асосан дар барномаи “Минбари мухоҷир” баромадҳо намуда, кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки санаҳои 11, 18, 22, 25, 31 октябр ва 1 ноябри соли равон аз ҷониби Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз узви фаъоли “Паймони миллӣ” мебошад, бо ҷалби ҳаммалаконаш, алалхусус Шарофидин Гадоев, Илҳом Ёқубов, Шавкати Муҳаммад, Салим Султонзода ва думраваш бо номи Сулаймону Ҷамшед ва Раҳматулло дар барномаи ифротии “Минбари мухоҷир”, асосан оид ба масоили маҳдудияти барқи бархе аз шахру ноҳияҳо баромадҳо намуда, камбудиҳои ночизи кишварро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дода, мардуми кишварро ба қиём кардан даъват намуданд. Баробари ин, бадхоҳони миллат бо нафрати беасос ва ғаразпешаашон ба ҷомеа ва мамлакати мо дар бораи масъалаҳои давлатдорӣ, нисбати фаъолияти роҳбарияти олии кишвар, нодида гирифтани дастовардҳои Тоҷикистон сухан ронда, тухми кинаву адоват коштанд. Аз Муҳамадиқболи Садриддин ва умуан аз раҳбарияту ҳаммаслакону думравони “Паймони миллӣ” пурсида мешавад, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон ғайр аз иғвою дасиса, тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос, хиёнату фосиқӣ чӣ нафъе овардед, ки ба ҳаёти осоиштаю ороми босуботи мо сангпартоӣ мекунед? Шумоён- паймони худсохти наҳзатӣ фармоиши навбатии хоҷагонатонро бобати сиёҳ кардани мардуми заҳматкаши неъматофар иҷро мекунеду бадзотиатонро исбот!
Хулоса, паймони худсохти наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромўш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта, бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад. Аз ин рӯ, ба кулли паймоншиканони миллат гуфтанием, ки роҳи шумоён роҳи тираву зулмот аст!
Дар интиҳои андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки имрӯз хатаранзегӣ дар фазои иттилоотӣ яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Бинобар ин, ҷавонони ватандӯсти мо бояд ҳушёру зирак бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Ш. АБДУЛФАЙЗОВА,
сармутахассис оид ба
сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *