Роҳи наҷот аст иттиҳод

Ба таъкиди аҳли хирад, зиндагӣ аслан маҷмӯаи бешу камӣ буда, дар он аз азал ҳаргиз ҷодаи росту ҳамвор набудааст ва аз ин рӯ, одамонро мебояд, ки ҳамеша ҳушёру бедор бошанду зиндагии хешро аз қайди ҳама гуна унсури ношоиставу зиёнбахш эмин нигоҳ доранд.

«Навмед набояд шудан аз гардиши айём», – гуфтааст бонуи суханвар Зебуннисо. Ин бар он маъност, ки дар ҳама ҳолату вазъият инсон бояд худро ба даст гирад, ҳаргиз навмед нашавад, муборизу хушбовар бошад, дил қавӣ дорад ва бо неруи маънавӣ монеаҳоро бартараф созаду сарбаланду пирӯз бимонад. Инсоният дар таърихи басо тӯлонӣ ба ҳодисаву воқеа ва вартаҳои зиёде бархӯрд кардааст. Дар баробари омилҳои фаровони мусоидгар ба зиндагии шоистаи одамон дар зиндагӣ рухдодҳои махуфе низ ҳастанд, ки ҳаёти мардумро пурихтилоф, фалокатбор ва фоҷеавӣ месозанду боиси маҳрумиятҳо мегарданд. Аз сафҳаҳои таърихи башар бароямон аён аст, ки дар асрҳои гуногун ҳодисаҳое амсоли заминҷунбиву обхезӣ, туфону тундбод, ҷангу ихтилоф, қаҳтию гуруснагӣ , дарду вабо… чӣ қадар ба инсоният ташвишу маҳрумияту фоҷеаҳо пеш овардаанд. Файласуфҳо пайваста таъкид мекунанд, ки муборизаи неку бад бардавом аст ва ҳар як узви сайёра инро бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошад ва бояд ба саркӯб кардани ҳар ҳамлаи неруҳои бадкор мудом омода буд. Ҳодисаи дар саросари ҷаҳон доман паҳн кардани бемории сироятии маъруф ба номи коронавирус (COVID – 19) инсониятро аз ноҳамвории зиндагӣ, аз эҳтимолияти ҳамешагии ба вуқӯъ пайвастани ҳаводиси ғайричашмдошти пурзиён ҳушдор дод. COVID – 19 инсониятро, ки мағрур аз дастовардҳояш буду аз қаъри замин то авҷи фалак гӯё дар тасарруф дошт, як навъ ғофилгир кард ва садо дардод, ки барои бани башар муҳимтар аз ҳама тани сиҳат ва рӯҳи солим аст. Беҳуда нагуфтаанд ниёгонамон, ки «тани сиҳат бехи давлат бувад». Коронавирус дар як муҳлати кӯтоҳ дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд ва зиндагиро ба маҷрои дигар кашид. Мароми зиндагӣ тағйир ёфт, низоми корҳо халалдор гардиданд, ба иқтисодиёт латмаи ҷиддӣ ворид гашт ва ҷомеаро як навъ воҳимаву навмедӣ, тарсу ҳарос фаро гирифт. Дар натиҷа арсаи амали бемории сироятӣ ҳар чӣ бештар вусъат пайдо кард ва мудҳиштар аз ҳама он буд, ки дар андак муддат одамони зиёде дар мамолики гуногуни олам аз ин дарди вогир фавтиданд. Батадриҷ COVID – 19 тамоми сайёраро ба тасарруфи хеш гирифт ва махсусан, дар Чин, Итолиё, Фаронса, Эрон, Ҳиндустон, Олмон, ИМА, Россия, Бразилия… боиси маҳрумиятҳои зиёд гашт. Андаке бо таъхир бошад ҳам, ниҳоят, дар ақсои олам мардум, аз ҷумла, масъулини қисмати халқҳо ба худ омаданд ва дар ҳама кишварҳо мубориза ба рағми коронавирус ва тадбирандешӣ барои пешгирии доманпаҳнкунии он оғоз ёфту марҳила ба марҳила неру гирифт, вусъат пайдо кард.

Ҷои таассуф аст, ки ин вабои домангир ва бетараҳҳум охири моҳи апрели соли равон дар ҷумҳурии азизи мо низ расман ба қайд гирифта шуд. Ин то ҷое амри воқеӣ ҳам буд, зеро Тоҷикистон низ як узви сайёра аст ва бо тамоми мамолики дунё робитаву пайвастагии ҳамешагиву ногусастанӣ дорад. Ва барҳақ, «Чу узве ба дарде оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор». Воқеият он аст, ки тоҷикон аз оғози ба пайдо омадани ин маризии сироятӣ бепарвою бедард набуданд; чӣ хел метавон аз он, ки дар теъдоди зиёди кишварҳо одамон ранҷ мекашанду ба мушкилоти шадид мепечанд, орому бетараф буд?! Мардуми мо ба мамлакатҳои вабопечида изҳори ҳамдардӣ мекарданду ба қадри имкон дасти мадад дароз менамуданд. Аз ин ҷост, ки чун дар Ватани мо ҳастии коронавирус ошкор гашт, кишварҳои дӯсту бародар, пеш аз ҳама, ҳамсояҳо ба ёрӣ шитофтанд. COVID – 19 дар Тоҷикистон нисбат ба чандин мамолики олам чандон «бедодгарӣ» карда натавонист ва зуд ҷилвагирӣ карда шуд, ба сипари қавие бархӯрд.

Сипари қавӣ тадбирандешии саривақтии Президенти ҷумҳурӣ ва Ҳукумати мамлакат, азму иродаи мустаҳками мардум, ваҳдату ҳамдилии ҳамагонӣ гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи аввали вуруди коронавирус ба Тоҷикистон ба мардум муроҷиат намуда, даъват карданд, ки ҳаргиз ба тарсу воҳима дода нашаванд, устувор бошанд, ҳамдигарро мададгорӣ намоянд, зеро «ҳар чӣ ояд бар сари фарзанди одам, бигзарад» ва «ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст». Муроҷиати Сарвари кишвар ба халқи азизи хеш муассиру таскинбахш, ғамхоронаву падарона буд ва як навъ нӯшдоруи дарди навмедиро мемонд. Президенти муҳтарам хеле бамаврид ёдовар шуданд, ки халқи тоҷик ба гувоҳии таърих чӣ рӯзҳои сангину вазнинеро паси сар кардаву чун кӯҳ устувору побаҷо мондааст ва минбаъд низ чунин хоҳад буд. Дар солҳои 90-уми садаи бист ба сари халқи азизи мо чӣ рӯзҳои наҳсу ғуссаборе омаданд, вале он рӯзҳо ҳам паси сар шуданд. «Дил қавӣ доред ва ҳаргиз рӯҳафтода нашавед», – ин даъвати самимию қатъии Пешвои миллат ба ҳамагон нерую иродату матонат бахшид. Бо ибтикори Президенти мамлакат дар ҷумҳурӣ Ситоди махсуси мубориза бо COVID – 19 ва пешгирии сирояти он таъсис дода шуд, ки дар андак муддат корҳои зиёди пурсамареро фарҷом бахшиду фаъолияти он бомарому ҳадафгирона идома дорад. Вобаста ба ин вируси густаришёфта, ҳамчунин, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID – 19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва тадбири муҳиму бесобиқае гашт дар самти дастгирии ҳаматарафаи сокинони мамлакат. Президенти муҳтарам ба ин васила Ҳукумати ҷумҳуриро муваззаф намуданд, ки аз ҷумла, нигоҳубини ашхоси таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва онҳоеро, ки ба бемории COVID – 19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба таври ройгон анҷом диҳад. Ин ва дигар иқдомоти халқпарваронаю ватандӯстонаи Пешвои миллат барои дастгирии беморон, нафақахӯрон, маъюбон, дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ бағоят муҳим буданд.

Ва боз муҳим он гардид, ки зери таъсири муроҷиатҳои пайвастаю ҳидоятҳои Сарвари кишвар ҷомеаро рӯҳияи тавонмандӣ, бовар ба ояндаи нек, ягонагию ҳамбастагӣ фаро гирифт ва ҳамагон хуб фаҳмиданд, ки бар зидди густариши ин вабои ҳамагир чӣ бояд кард. Риояи тозагӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, риояи қоидаҳои рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи низоми муайян дар хонавода ва дар коргоҳҳо аз тарафи ҳамагон омили муҳиме дар пешгирии сирояти каронавирус гашт. Воситаҳои ахбори омма низ дар ин самт корҳои зиёди самаровареро фарҷом бахшиданд. Фаъолияти диловаронаи табибони мамлакат дар арсаи мубориза бо коронавирус шоистаи таъкиди махсус аст ва воқеан ҳам, арзанда мебошад, ки онҳоро аҳли кишвар «қаҳрамонони миллат» номиданд. Табибони ғамхору соҳибтадбири мо ҷон дар кафи даст бар зидди COVID – 19 мубориза бурданд ва ба пирӯзӣ расиданд. Бо талошҳои пайвастаи онҳо то имрӯз беш аз ҳаштод дар сади беморон – гирифторони COVID – 19 шифо ёфтанд ва ба зиндагии осоишта баргаштанд. Месазад, ки ба хотири ин корномаи беназири табибони тоҷик ва ҳамчунин, ба ёди чанде аз табибони диловаре, ки дар ин роҳ ҷон бохтанд, замоне дар кишварамон пайкараи ёдгорие бунёд карда шавад.

Дар мубориза барои пешгирии сирояти коронавирус метавон гуфт, ки ягон шахс, идораю ташкилоту муассисаи ҷумҳурӣ бедахолату бетараф намондааст. Чандин муассисаи тандурустӣ ва фароғатгоҳи кишвар бо дарки вазъият таъйиноти аслии худро муваққатан тағйир дода, маризони гирифтори коронавирусро ба оғӯш гирифтанд ва барои шифоёбии онҳо тамоми шароитро фароҳам оварданд.

Аз ҷумла, дар беш аз бист осоишгоҳу беморхона, марказҳои клиникӣ ва маҷмааи фароғатию истироҳатӣ онҳое, ки шурӯъ аз якуми феврали соли равон аз хориҷа ба марзи Тоҷикистон ворид гаштанд, ба карантин ва табобат фаро гирифта шуданд. Теъдоди онҳо то имрӯз беш аз даҳ ҳазорро ташкил медиҳад. Ин тадбир низ амали хеле муҳим гашт дар пешгирии вусъатёбии сирояти COVID – 19.

Хушбахтона, дар як муддати кӯтоҳ шиддати паҳншавии ин вабои беамон дар кишвари мо паст зада шуд. Ҳоло дар Тоҷикистон аз ин лиҳоз вазъ пурра зери назорати мақомоти масъул аст. Вале бояд ҳар яки мо хуб бидонем, ки COVID – 19 ҳанӯз пурра маҳв нашудааст ва зарур мебошад, ки аз ин лиҳоз эҳтиёткор бошему ба қоидаҳои пешбинишуда қатъан риоя намоем. Ба таъкиди масъулин, истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббӣ, мунтазам шустани дастон бо собун ва истифодаи моддаҳои антисептикӣ, тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист, муҳити атроф, ҳангоми гаштугузор ва суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя кардани фосила (1,5 – 2 м), бо даст салом накардан ва аз оғӯшкашӣ худдорӣ намудан тадбирҳои муҳим аз сироятёбӣ мебошанд…

Дар ҷаҳон неруе нест, ки бар рағми якдилию ҳамбастагии мардум истодагирӣ карда навонанд. Ин бемории сироятӣ низ умри бардавом нахоҳад дошт, замоне батамом мағлуб хоҳад шуд ва ба ин, пеш аз ҳама, азму иродаи ҳамагонӣ боис хоҳад гашт. Ба ин маънӣ Бедили маъниофарин гуфтааст:

Аз қудрати иттифоқ ғофил нашавӣ,

Дандонҳо сангро ба ҳам мешикананд.

Санавбар РАҶАБОВА,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *