«Размҷўёни миллат»

«Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.»

                                                                              Эмомалӣ РАҲМОН

 

Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз қабили «Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон»,“Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ «Ҳаракати исломии Ўзбекистон»), «Ҳизб-ут-Таҳрир», ҷамоатҳои «Ансоруллоҳ», «Содиқлар», «Таблиғ», созмонҳои «Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундуллоҳ», ҷараёни динии «Салафия» ва ғайраҳо, ки рўйхаташон ба садҳо расидааст, созмон ёфтаанд. Созмонҳои мазкур ба сафҳои худ шахсонеро, ки дар ҳудуди давлати хеш ҳамчун ҷинояткор дар ҷустўҷў қарор доранд ва ё аз ҳисоби ҷавононе, ки назари танг ба тараққиёти ҷомеа доранд ё аз дину оини аслии хеш дур гашта, ба дигар равияҳо дода шудаанд, шахсоне, ки худро сиёсатмадор нишон дода, аз сиёсати давлаташон норизо мебошанд ба воситаи ақидаҳои гуногун ҷалб менамоянд.

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрўза дар Ватани азизи мо- Точикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурўҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳои дар боло зикршуда ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷу амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромўш месозанд. ҲНИТ мисоли гуфтаҳои болост. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он бо мақсади амали намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст.

Чуноне, ки мо худ мушоҳида мекунем, вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативие чун «Интернет», баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИТ ва роҳбари он ошкор мегардад. Барои ҲНИТ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд.

Қайд кардан, ба маврид аст, ки ин гуна фаъолият аз ҷониби анҷуману гурўҳҳои навтаъсиси зархарид дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо низ ба назар мерасад. Дар ин хусус метавон чандин мисол овард. Чунончӣ, анҷуман бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» дар шаҳри Венаи Австрия ва ҷунбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» дар шаҳри Амстердами кишвари Ҳолланд. Онҳо дар баёнаашон оид ба Тоҷикистон бо суханҳои бемантиқу беасос иброз дошта, ба фазои имрўзаи ҷомеаи кушоди мо соя афкандаву боиси хушунату бадбинӣ эҷод намуда, бо ҳар роҳу васила ба шуур ва тафаккури сокинони кишвар таъсир расонидан меҳоҳанд. Кас ҳайрон мемонад, ки ин ашхосон боз чӣ гуна Тоҷикистон месохта бошанд?! Вале аҳли башар хуб медонад, ки ин зумраро ба ҷуз хоҷагони хориҷиашон, ки онҳоро чун ғуломи ҳалқабаргўш истифода менамоянд, касе намешиносад ва эътироф ҳам намекунад. Бояд таъкид кард, ки алҳол Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳаргуна пешниҳоду маслиҳатҳои анҷуману гурўҳҳои навтаъсис ниёз надорад.

Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки таҳти сарварии  фарзанди бузургаш, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, сармеъмори сулҳ, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва инчунин ба сифати андешаи илмӣ татбиқи  амалии онҳоро таъмин намуданд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд  ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.

 

 

Корманди шуъбаи кадрҳо оид

ба омўзгорону профессор

   Мамадҷонов Ф.С.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *