Размҷӯи ҳақношинос

Дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, иқтидори мудофиавӣ ва таъмини амнияту рушди иқтисодии он, пеш аз ҳама, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва адолати иҷтимоӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии ҳуқуқӣ ва қонуни аз ҷониби халқ эътирофшуда ба ҳисоб меравад. Касе, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва меъёрҳои онро рад мекунад ва ё хилофи он амал мекунад, ба ҷазои сангини қонун ва нафрати халқ гирифтор аст.

Мусаллам аст, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав байни нерӯҳои мухолифини тоҷик бо сардории Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳукумати қонунии мамлакат бо роҳбарии Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Шурӯъ аз ин давра дар мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ ва бесарусомониҳо пурра хотима дода, ба давраи Эҳё ва Ваҳдати миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд. Яке аз шартҳои муҳими ин Созишнома риояи қонун, эҳтроми тарафайн ва мусолиҳа барои ҳалли масоили баҳсбарангез буд, ки мутаасифона солҳои ахир он аз ҷониби бархе аз бадхоҳони миллат, (аз ҷумла, раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом) риоя нагардид. Маҳз шикасти аҳду паймон буд, ки фаъолияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом мамнӯъ гардид. Исботи он далел, ки дар ҳодисоти моҳи сентябри соли 2015 дар дараи Ромит ба вуқӯъ пайваста намояндагии раёсати ҳизби мазкур даст доштанд, бешубҳа, андешаи дар боло зикршударо тақвият мебахшад.

Пас маълум мешавад, ки онон бадхоҳи миллатанд. Оромиро намехоҳанд ва парвои амнияти мамлакатро надоранд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки савлату роҳати ҳар кас дар ватани ӯст. Маҳз давлате, ки шахс онҷо зиндагӣ дораду онро Модар-Ватани хеш дониста тайёр аст ҷонашро баҳри он фидо кунад, пуштибон ва саробони ӯст. Ҳақ ба ҷониби Саймӯмин Ятимов аст, ки дар мақолаи хеш, таҳти унвони «Илм ва амният» (рӯзномаи «Ҷумҳурият», №107, 30 майи соли 2017) хеле дуруст таъкид мекунад: «Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст». Пас агар ба таҳлили ин андеша назар афканем, барало метавон гуфт, ки намояндагони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, на танҳо хиёнат, балки кӯшиши балвою иғвоангезӣ ва хатари сарзании ҷанги дуюми хонумонсӯзро карданд, ки дар ин муносибат онҳоро метавон размҷӯи ҳақношинос пиндошт.

С. Ятимов дар мақолаи хеш, инчунин, фикри болоро тақвият дода зикр мекунад, ки: «Фаъолияти ҳаррӯзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрӯзу ояндаи давлати миллии мо мебошад». Дар ҳақиқат, ба хотири барпо кардани давлати орому осуда ва таъмини рушду тараққии он ҷоннисориҳои Пешвои миллат камтар аз ҷоннисориҳое, ки фарзандони фарзонаи миллат дар таърихи халқи тоҷик анҷом додаанд, нест!

Чун бо роҳи мусолиҳоти сиёсӣ дар Тоҷикистон, аз сабаби он ки аксарияти мардум ҷонибдори сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат ҳастанд, мухолифин натавонистанд, ки ба мақсади хеш бирасанд, роҳҳои дигари иғвогарӣ, ёрӣ кардан ба гурӯҳҳои ифротӣ (салафия, ҷамоати «Ансоруллоҳ» ва ғ.) ва ҳатто ташкили террорҳоро ба роҳ монданд. Ин муносибат нисбати халқу ватан ва миллати хеш оё бахшиданӣ аст? Онҳо дар мамолики Ғарб паноҳ бурда, имрӯзҳо боз ба ҳамон аъмоли ношоиста ва бадандешии хеш даст мезананд. Мехоҳанд ба ҳар роҳу восита Тоҷикистонро ба чашми мардуми олам бад нишон диҳанд. Танқиди Сарвари давлат, таҳқири шахсияти Пешвои миллат-ин ҳама маънои хиёнат ба халқу миллатро дорад!

С. Ятимов дар мақолаи хеш ба ин нукта низ ибрози назар карда, ҷое ба маврид менависад: «Бадбахтии мухолифони манфиатҳои миллии мо иборат аз он аст, ки онҳо “ҳақиқат”-и худро доранд. Дурусттар ифода гардад, “ҳақиқат”-е, ки тавассути “хайрия”, “грант”, пулу моли аҷнабиён дар майнаи онҳо ҷой кунонида шудааст». Бале ин маҳз ҳамин тавр аст. Баҳои объективона ва ҳаққонӣ дода шудааст. Агар чунин намебуд, аз куҷо даромадҳои як ҳизби сиёсии мамлакати рӯ ба инкишофи Тоҷикистон иқтидори харидории аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро ҳангоми амалиётҳои террористии соли 2015 дар Ромит рӯйпӯш карда метавонист? Ин ҳама пулҳои аз хоҷагони хориҷӣ гирифтаи онҳо буд, ки хилофи тамоми қонунгузории миллӣ ва байналмилалист.

Хулоса ин ниҳоди мухолиф таҳдидангезтарин барои миллати мо боқӣ мемонад. Мутаасифона бо дастгири ва паноҳандагии бархе аз мамолики Аврупоӣ онҳо оҳиста-оҳиста қувват мегиранд, нақшаҳои нафратангез роҳандозӣ менамоянд ва билохира боз мехоҳанд теша бар решаи давлату миллати тоҷик зананд. Аммо ҳаргиз набояд ба ин роҳ дод. Беҳтарин васила ва роҳи мубориза бо эшон маҳву лағви андеша ва ақоиди нодурусти онҳост. Дар ин хусус С. Ятимов зимни баёни қисмати геополитика: манфиат ва амнияти мақолаи худ чунин менависад: «Бояд донист, ки ҳар давлат системаи ягонаи таъмини амнияти миллии худро дорад. Ин система аз қисматҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, маданӣ, идеологӣ, динӣ, мазҳабӣ, маъмурӣ иборат аст. Тибқи қонун онҳо қотеона ҳифз ва идора карда мешаванд. Ашхосе, ки дар роҳи хиёнат ба манфиатҳои миллии хеш ворид мегарданд, аз системаи тамини амнияти миллии Ватани худ берун гашта, дар системаи таъмини амнияти миллии давлати бегона ворид мегарданд ва фаъолият мекунанд. Гумон намеравад, ки ин тезис зиёд нофаҳмо бошад. Зеро “ҳақиқати абстрактӣ вуҷуд надорад. Ҳақиқат ҳама вақт мушаххас аст (Г. Ф. Гегел)”».

Пас ҳақиқати мушаххас нисбати мухолифини ифротии тоҷик низ маҳз ҳамон буда метавонад, ки эшон дар ҳақиқат размҷӯи ҳақношинос ҳастанд.

Каёнуш Калонов,
омӯзгори ДИС ДДТТ

5 Комментариев для “Размҷӯи ҳақношинос”

  1. Пас маълум мешавад, ки онон бадхоҳи миллатанд. Оромиро намехоҳанд ва парвои амнияти мамлакатро надоранд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки савлату роҳати ҳар кас дар ватани ӯст. Маҳз давлате, ки шахс онҷо зиндагӣ дораду онро Модар-Ватани хеш дониста тайёр аст ҷонашро баҳри он фидо кунад, пуштибон ва саробони ӯст. Ҳақ ба ҷониби Саймӯмин Ятимов аст, ки дар мақолаи хеш, таҳти унвони «Илм ва амният» (рӯзномаи «Ҷумҳурият», №107, 30 майи соли 2017) хеле дуруст таъкид мекунад: «Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст». Пас агар ба таҳлили ин андеша назар афканем, барало метавон гуфт, ки намояндагони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани давлат, на танҳо хиёнат, балки кӯшиши балвою иғвоангезӣ ва хатари сарзании ҷанги дуюми хонумонсӯзро карданд, ки дар ин муносибат онҳоро метавон размҷӯи ҳақношинос пиндошт.

    1. Андешахои чолиб. Мо чонибдори ин андешаем, барои мо амнияту осоиштагии кишвар болотар аз хар гуна икдомхои хизбу гуруххост.

  2. Размҷӯи ҳақношинос! Номи макола ба худаш хеле мувофик афтодааст. Бисёр ба ман маъкул шуд. Ба муаллиф арзи сипос менамоем, ки чунин маводи хуб офаридааст.

  3. Муаллиф дар маколаи хеш аз маколаи Саймӯмин Ятимов таҳти унвони «Илм ва амният» (рӯзномаи «Ҷумҳурият», №107, 30 майи соли 2017) иктибоси хеле хуб овардааст: «Бадбахтии мухолифони манфиатҳои миллии мо иборат аз он аст, ки онҳо “ҳақиқат”-и худро доранд. Дурусттар ифода гардад, “ҳақиқат”-е, ки тавассути “хайрия”, “грант”, пулу моли аҷнабиён дар майнаи онҳо ҷой кунонида шудааст». Бале ин маҳз ҳамин тавр аст. Баҳои объективона ва ҳаққонӣ дода шудааст. Агар чунин намебуд, аз куҷо даромадҳои як ҳизби сиёсии мамлакати рӯ ба инкишофи Тоҷикистон иқтидори харидории аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро ҳангоми амалиётҳои террористии соли 2015 дар Ромит рӯйпӯш карда метавонист? Ин ҳама пулҳои аз хоҷагони хориҷӣ гирифтаи онҳо буд, ки хилофи тамоми қонунгузории миллӣ ва байналмилалист”.

    1. Онҳо дар мамолики Ғарб паноҳ бурда, имрӯзҳо боз ба ҳамон аъмоли ношоиста ва бадандешии хеш даст мезананд. Мехоҳанд ба ҳар роҳу восита Тоҷикистонро ба чашми мардуми олам бад нишон диҳанд. Танқиди Сарвари давлат, таҳқири шахсияти Пешвои миллат-ин ҳама маънои хиёнат ба халқу миллатро дорад!

Leave a Reply to А. Каюмов Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *