РАВОБИТИ ДИС ДДТТ БО ДОНИШГОҲИ ОСИЕКИ ХОРВАТИЯ ГУСТАРИШ МЕЁБАД

Тибқи барномаи ERASMUS+, ки дар доираи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад, санаи 16-уми майи соли равон профессори Донишгоҳи Осиеки Хорватия Александр Ерцек ба ДИС ДДТТ ташриф овард.
Боиси қайд аст, ки давоми ду соли охир 5 нафар устодон ва 2 нафар донишҷӯёни ДИС ДДТТ дар Донишгоҳи Осиеки Хорватия такмили ихтисос ва мубодила гузашта истодаанд. Профессор Александр Ерцек бо директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. мулоқот намуда, оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳарду ҷониб изҳори сипос ва қаноатмандӣ кард.
Вобаста ба густариши минбаъдаи муносибатҳои тарафайн ибрози андеша баён гардида, дар фарҷоми мулоқот профессор Александр Ерцек директори Донишкада Ҳомид Ҳошимзодаро барои ташриф овардан ба Донишгоҳи Осиек даъват намуд.
Ҳамзамон, Александр Ерцек ба Маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонии ДИС ДДТТ ташриф оварда, бо муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, мудири шуъбаи илм, мудири маркази байналмилалӣ ва мутахассис оид ба лоиҳаҳо мулоқоти судманд анҷом дод. Инчунин, дар толори Донишкада бо устодону донишҷӯён мулоқот баргузор гардида, дар он саволу ҷавоби судманд барпо карда шуд.
Санаи 17-уми май профессор Александр Ерцек ба донишҷӯёни гуруҳҳои таҳсилашон бо забони англисии ихтисосҳои иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди беруна оид ба мавзуи «Franchising» лексия хонд.
Бояд қайд намуд, ки профессор Александр Ерцек то санаи 19-уми май бо сафари корӣ дар ДИС ДДТТ қарор дошта, дар доираи он баргузории боз чанд мулоқоту вохӯрӣ дар назар дошта шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *