РАВИЯҲоИ ИФРОТГАРО СУЛҲУ СУБОТИ ТОҶИКИСТОНРО ХАЛАЛДОР НАХОҲАНД КАРД

 

РАВИЯҲоИ ИФРОТГАРО СУЛҲУ СУБОТИ ТОҶИКИСТОНРО ХАЛАЛДОР НАХОҲАНД КАРД

(андешаҳо баъди тамошои филми мустанади “Хиёнат”)

Имрӯзҳо мо халқи тоҷик шукронаи истиқлолият, шукронаи тинҷиву осоиштагӣ ва сулҳу субот мекунем. Истиқлолият бузургтарин неъматест, ки барои миллати сарбаланду некноми мо муяссар гардидааст. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ мамлакати мо рӯ ба беҳбудӣ ниҳад. Мо тавонистем, ки он мероси аз ниёгон ба мо мондаву аз хотираҳо фаромӯш шударо дубора зинда гардонем.

Аммо, баъди пойдор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистон боз хоинон ва хоҷагони ҳизби наҳзати ислом пайдо шуданд, ки бо мақсадҳои ғаризонаи худ мехостанд ин тинҷиву сулҳу суботи моро халалдор намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки Ҳизби наҳзати ислом соли 1991 дар Ҷумҳурии Афғонистон ва баъдан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ташкил карда шуда буд. Мувофиқи маълумотҳои коршиносони ҷаҳонӣ Ҳизби наҳзати ислом ягона ҳизби исломӣ буд, ки дар Осиё Марказӣ расман фаъолият мебурд. Ин далели он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат давлати демократӣ буда, барои озодона фаъолият бурдани ҳар як ҳизби сиёсӣ ва Иттиҳодияи ҷамъиятӣ имконият фароҳам овардааст.

Аммо, Ҳизби наҳзати ислом аз озодии додашуда сӯиистифода намуда, барои татбиқи ғояҳои ифротгароӣ фаъолияташро вусъат бахшид. Аз ҷониби ҳизби мазкур нисбати давлати соҳибихтиёрии мо халалдорӣ пайдо намуда, дар 6 соли охир аъзои он ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд. ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз ҷумла барангехтани кинаю адовати динӣ, иштирок дар иттиҳодҳои ҷиноятӣ ва экстремистию террористӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки «Касоне, ки аз паси таблиғотчиёни афкору мазҳаби бегона мераванд, дар хотир дошта бошанд, ки мо мазҳаби таҳаммулгароии худро дорем ва пири мазҳаби мо шахсияти барҷастаи олами ислом – Имоми Аъзам Абӯҳанифа мебошанд. Мо ҳаргиз мӯҳтоҷи ҷаҳонбиниву мазҳаби бегона нестем ва кӯшишиҳои сиёсисозии дини мубини исломро қотеъона маҳкум мекунем». Доир ба ҷавонон, ки дар оянда хизмати содиқона карданашонро давлату ҷамъият умедвор аст дар шароити бисёр мураккабу печидаи замони муосир аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ҷавонон бояд шукргузори миллату давлат, пойдор будани сулҳу субот, сохти конститутсионӣ ва давлати демоктарӣ будани давлатамон, аз шароити фарҳоҳам овардан барои гирифтани илму донишро пеша карда, барои пешрафти халқу миллатамон талош варзанд.

Ҷавонони замони муосир худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастиро хуб дарк карда қавиирода мебошанд. Мо бояд бар муқобили ингуна гурӯҳҳои ифротӣ дастаҷамъона мубориза бурда, нагузорем, ки ягон ақидаи нохалаф фазои тинҷу ороми Ватани моро тира созад ва сулҳу суботи давлатамон пойдор бимонад.

 

Муаллимаи калони

кафедраи молия ва қарз

Мӯминова Н.Р.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *