Таърих гувоҳ аст,ки сулҳофаринии мардуми тоҷик дар таърих бо хатҳои зарҳалин навишта шудаанд. Аммо, мутаассифона, ҳоло ҳам ҳастанд гуруҳҳои алоҳида ва ашхоси гумроҳшуда, ки даст ба амалҳои ношоиста мезананд. Масалан афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз пайрави фаъоли наҳзат мебошад, ки тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи ифротӣ

бо номи “Минбари муҳоҷир” бо мақсади паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ, махсусан зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта, бештар интишори матлаби иғвоангез паҳн менамояд. Гумон дорад, ки ин тал ини тасаввуроти нодуруст ақидаи сокинони кишварро дигар кунанд. Ба гузаштаи на чандон дури М.Садриддин назар андӯзем, дарҳол сурату сирати аслии ин махлуқ маълумамон мешавад. Дар атрофи зиндагиномаи ин афроди бешараф ҳарф зада бояд қайд кард, ки ӯ бо волидайнаш муносибати одамӣ надошт, ҳатто бо падари худ қаҳрӣ буд ва падараш аз ӯ розӣ набуд. Симои аслии М.Садриддинро бора мо борҳо бо мисоли амиқу раднашаванда тасдиқ намуда будем. Ҳаминро мегуем, ки лақабаш “Иқболбӣ” аст.Сабаби чунин лақаб доштани М.Садриддин ба хонандаи закӣ маълум аст, ҳоҷат ба баён нест. Бинобар ин, М.Садриддин набояд аз минбарҳо садо баланд кунад. М.Садридддин то ҳол ба худ хулосаи зарурӣ набароварда боз тавассути барномаи зикршуда баромад намуда, худро “уламои дин” шуморида, худашро ҳомиву пуштибони дини мубини ислом ва озодандешу мубориз мешуморад, дар асл яке аз раҳгумзадаи беномус ҳаст. Хулоса, бо шунидани суханҳои ифротии М..Садриддин ба назари кас афроде намудор мешавад, ки дили торику пур аз кина дорад ва имрўз хоини миллат аст. Таърих гувоҳ асту вақт довар аст, ки бадхоҳону хоинони миллат, тафаккурашон олудаи кинаву мазаммат аст, имрўз бештарашон фирорӣ шуда дар Аврупо аз минбар истода, бар хилофи адолат гап мезананд. Ягона роҳ барои фаъолияти ин бадхоҳони миллат дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки онҳо аз ин имконият истифода бурда, фақат кору амалашон туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса, фитраткушу харобиовар аст. Бинобар ин, ҳар як ҷавони солимфикр доири ин масоил хулосабарорӣ намояд ва бояд дурандешу ботадбир бошад. Дар тарозуи ақли солим суду зиёни ҳар амали содиршударо холисона баркашад.
Мо устодон ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои бадхоҳони миллат эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки шиори мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад.
Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ