РӮДАКИ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ…

Устодони азиз!

Донишҷӯёни гиромиқадр!

Мо ҳама хуб медонем, ки ҳамасола мардуми сарбаланди тоҷик санаи 22-уми сентябрро ҳамчун рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти тоҷику форс, Одам-уш-шуаро, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Мавриди зикр аст, ки ин санаи муборак рамзи ифтихор аз бузургону донишмандони миллат аст, ки бо хираду заковат ва маърифату ҷаҳонбинии оламгирашон дар саҳифаҳои таърихи башар равзанаҳои тозаеро аз маънавияту инсонгароӣ, ваҳдату ягонагӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳӣ боз намудаанд.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нақш ва хидматҳои мондагори устоди шоирони олам – Рӯдакии бузургвор ёдовар гардида, таъкид кардаанд: “Рӯдакии бузургвор некӯ медонистааст, ки чӣ рисолати волову масъулиятбори таърихие ӯро ба дӯш афтодааст ва бо камоли масъулияти ҷавонмардона кӯшидааст, ки ҳар ҳарфу ҳиҷояш бамавриду бамавқеъ, суфтаву баргузида, саршори маънӣ, ҳунармандона, андархури табъи мардум ва аз лиҳози ҷанру санъатҳои бадеӣ рангину доманфарох бошад”.

Мо имсол Рӯзи Рӯдакиро бо таҷлили бузургтарин дастоварди таърихи халқамон – 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо ҷашн мегирем. Ҳама хуб медонем, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷодиёти ин шоири бузург ва дигар суханварони маъруфи халқи тоҷик мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиши хоса қарор гирифтааст. Ҳамасола бо ибтикори Пешвои муаззами миллат осори пурарзиши аҳли адаб ба нашр расида, дастраси хонандагон мегарданд.

Устодон ва донишҷӯёни азиз! Осори устод Рӯдакӣ мавзӯъҳои гуногунро фарогир буда, бештар мавзӯъҳои панду андарз, фалсафа, ҳикмат, ахлоқ, башардӯстона, тасвири табиат бахшида шудаанд.

Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон ба болоравии ифтихори худшиносию ватандӯстии насли наврас нерӯи тоза бахшида, масъулияти ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро дар роҳи рушду нумӯи давлати тозабунёдамон афзоиш медиҳад.

Устод Рӯдакӣ моро насиҳат мекунанд, ки дониш омӯзем, мардонагию ҷавонмардиро пеша намоем, аз гузашти рӯзгор сабақи одамият омӯзем. Ин байти шоир бо гузашти чандин асрҳо ҳануз моҳияти аслии хешро гум накардааст:

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор!

Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар Рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс – устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бароятон табрику таҳният гуфта, умедворам аз ашъори шоир баҳраи комил бардошта, дар зиндагии ҳаррӯзатон аз онҳо истифода менамоед.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *