Созмони бонуфузи САҲА муроҷиату дархостҳои миллионҳо нафар модарону духтарон, ҷавонону сокинони Тоҷикистони биҳиштосо, ки бар зидди ТТЭ ҲН мебошанд ва амалҳои ғаразноки ҳизби наҳзати исломиро дар хотир доранд ва ё кирдорҳои онҳоро маҳкум мекунанд нодида гирифта, барои ин террористон дар баргузории нишастҳояшон иҷозаи вуруд ва ҳақи сухан гуфтан доданд, ки ин амал барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон таасуфовар аст.
Дар нишасти САҲА созмоне бо номи “Паймони миллӣ” арзи ҳастӣ кард, ки мухолифи орзуву ормонҳои давлату ҳукумати кишвар мебошад. Мутассифона, шахсиятҳои маъруф ва шинохта аз нодонию нофаҳмӣ ё дигар ҳадафҳои пасипардагӣ аз ин “Паймони миллӣ” дастгирӣ карда, ба ин васила пуштибонии амиқи худро аз ТТЭ ҲНИ баён медоранд.
Пас аз хондани мусоҳибаи коршиноси масоили Осиёи Миёна Аркадий Дубнов чунин андешаҳо ба хотир меояд, ки дар зери ниқоби «коршиноси маъруф» шахсиятҳое, аз кишварҳои хориҷӣ пуштибонӣ аз ҲНИ мекунанд, ки имрӯз бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» худро муаррифӣ мекунанд.
Аркадий Дубнов қайд намудааст, ки «ҷамъшавӣ беҳ аз парокандагӣ аст» дуруст аст, ки ҷамъшавӣ беҳтар аз парокандагӣ аст. Аммо на ҷамъшавие, ки бар мухолифи давлату миллат бошад.
Аркадий Дубнов таъкид менамояд, ки «тоҷикони зиёде берун аз кишвар қарор доранд ва имкони баргаштанро надоранд». Ин андешаи ӯ дуруғи маҳз аст.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини сарварии хеш ҳамеша таъкид менамуд, ки вазифаи аввалини мо баргардонидани гурезаҳо аз хориҷи кишвар аст. Аркадий Дубновро мебоист дурустар масъалаҳои сиёсиро таҳлил намояд, ҳеҷ гоҳ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он тоҷиконе, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз ватан рафта буданд душмани сиёсии худ эълон накардааст, балки ҳамеша таъкид менамуд, ки то охирон нафар гурезаҳои ҷанги шаҳрвандиро ба кишвар наорам, ором намегирам.
Дар мавриди пешниҳоди гуфтугӯ байни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифон ҳамин нуктаро зикр карданием, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ба гуфтушунид омода аст. Аммо ин душманони миллат танҳо иғво ва инқилобу ҷангу хунрезиро мехоҳанд ва расидан ба ҳадафҳои нопоки худ мебошанд. Аркадий Дубнов дар поёни мусоҳибааш қайд намудааст, ки «Тоҷикистонро ояндаи вазнине дар пеш аст» мо ҳаргиз бар ин андеша розӣ нестем.
Нодида гирифтани пешрафтҳои имрӯзи кишвар аз рӯи инсоф нест. Оромию суботи комил, зиндагӣ дар фазои сулҳу ваҳдат, рушди бомароми иқтисод Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба кишвари зебову тараққикарда мубаддал месозад. Мо бояд ба қадри ин ҳама неъматҳои худодод расем ва сулҳу ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Ризоқулов
Турақул Рабимқулович,
доктори илмҳои иқтисод, профессор
муовини директори ДИС ДДТТ
оид ба илм ва рушди ҷавонон