ПРОБЛЕМАҲОИ ЭТИКАИ ЭКОЛОГӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

Этикаи экологӣ этикаи умумии фаолияти инсонӣ мебошад, ки ба проблемаи абадии ҷаҳонбинӣ масалан, маънои мавҷудияти Инсон дар Олам ва Олам дар Инсон аз чӣ иборат аст? ва ғ., таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Мавзӯи этикаи экологӣ муносибати Инсон ба Табиат аст, ки айни замон ин муносибат муносибати инсонро ба худи ӯ низ дарбар мегирад. Этикаи экологӣ маънои барқароршавии шакли нави шуури энвайронменталиро, ки биниши глобалии оламро бо арзишҳои гуманистӣ бо ҳам омезиш медиҳад.
Маънои ахлоқии этикаи экологӣ, тибқи андешаи асосгузори он Олдо Леополда дар ташаккул ёфтани арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳо дар гирди ду меҳвар иборат мебошад: эҳсоси муҳаббат ва эҳсоси ҳамдардӣ нисбати табиат ва эҳсоси замон аст, ки аз ғамхорӣ нисбати шароити табии ҳастии наслҳои оянда иборат мебошад.
Инсон дар ҳамаи марҳилаҳои инкишофи таърихии худ ба табиат, муҳити табиӣ, ҳастиаш вобаста буд, ҳаст ва ҳамчунон хоҳад монд.
Барои ҳамин дар фазои илми хело ҷавон «экология» фанҳои гуногуни мухталиф ба вуҷуд меояд, ки яке аз онҳо этикаи экологӣ мебошад. Калимаи экология аз забони юнонии «oikos» – манзил, «logos» – таълимот гирифта шудааст, ки он муносибатҳои организмҳои зиндаро бо муҳити атроф меомӯзад. Асосгузорони этикаи экологӣ олим,файласуф, худошинос, табиби олмонӣ – фаронсавӣ Алберт Швейтсер ва файласуфи амрикоӣ Олдо Леополда мебошанд. Аз солҳои 70 – уми асри XX сар карда, этикаи экологӣ чун фанни алоҳида ташаккул ёфт. Вай дар қаламрави худ системаи мушаххаси принсипҳои ахлоқие, ки рафтори инсон дар табиат амалӣ мегардад, ҳамчунин аҳамияти иҷтимоӣ дар ҳалли проблемаҳои башариро дорад. Швейтсер ибораи «парастиши ҳаётро» ба вуҷуд овард ва иброз дошт, ки ин принсип бояд асоси ҳаёт ва чаҳонбинии инсон бошад. Вай ба ақидае омада буд, ки хатогии ҳамаи системаҳои этикӣ дар он мебошад, ки муносибати инсон ба инсон асоси ҷомеа ҳисобида мешуд ва муносибати инсон ба муҳити атроф истисно шуда буд. Этика – ин ҷавобгарии инсон дар назди ҳамаи мавҷудоти олам мебошад.
Дар робита бо ин вазифаи муҳими этикаи экологӣ эҷод намудани арзишҳои возеҳ ва равшане мебошад, ки онҳо бояд асоси масъулияро дар назди наслҳои оянда, ки онҳо низ барои зиндагии сазовор ҳуқуқ доранд, ташкил медиҳанд. Этикаи экологӣ шароитҳои зерини муколамаро бо оянда пешбинӣ менамояд:
-аз ҳама наъи амалҳое бояд даст кашид, ки онҳо метавонанд эҳтимоли мавҷудияти наслҳои ояндаро зери хатар гузоранд:
-ҳангоми қабул намудани қарорҳое, ки ба саломатии инсон ва вазъи муҳити табиӣ алоқаманд мебошанд, афзалият ба эҳсоси масъулият дар назди наслҳои оянда дода шаванд:
-набояд барои манфиатҳои одамони имрӯза шуда, манфиатҳои наслҳои ояндаро инкор намуд.

РАЗОҚОВА С.,
корманди шуъбаи
муносибатҳои байналмилалӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *