«Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад».
Эмомалӣ Раҳмон,
Пешвои муаззами миллати тоҷик
Санаи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди бузурге ба амал омад, ки минбаъд тақдири мардуми тоҷикро комилан дигаргун карда, ҳамчун оғози марҳилаи наҷот, худсозӣ, худафрӯзӣ ва саодати халқ дар сафҳаи хотираҳо сабт гардид. Дар ин рӯзи хуҷаста пас аз талошу пайкорҳои созанда Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеъа ба имзо расид. Имзои ин ҳуҷҷати сарнавишсоз дар кишвари азизамон ба ҷанги нангину хунини шаҳрвандӣ поён бахшид ва сулҳу ваҳдати бардавомро таъмин кард, ки албатта дар роҳи расидан ба он хидматҳои Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Пешвои миллат ҳамчун меъмори ҳақиқии кохи сулҳу ваҳдат ин неъмати бузургро ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба армуғон оварда, ба қавлу қасами худ, ки «Ман ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳ меорам» содиқ монданд.
Дар масири таърих мизони давлатдориҳо ба сатҳи густурдае расиданд ва тақозое воқеан ҳам ҷиддӣ ва дидание дар милоки коргирии бурунмарзӣ кардан ва ҳамзамон нақши ниҳодҳо ва арзишҳои меҳварӣ дар созмондиҳии тамоми арсаҳои зиндагии ҷомеа ба таври рӯзафзун боло рафтанд, ки тавонистанд ба давлатҳо шароити мусоиди амалиро баҳри барқарор намудани муносибатҳои хориҷӣ фароҳам оваранд. Дар ин пайроҳаи таърихӣ ҷумҳурии азизу ҷавони мо Тоҷикистон низ ҳушёриро аз даст надод ва баъди касби истиқлолияти давлатӣ худро ба ин корвони азим бипайваст ва барқарор намудани муносибатҳои дуҷонибаи сатҳи назаррас шурӯъ кард, ки муроди пешакарда ва санҷидааш комгор ва пурарзиш ҳосил дод.
Дар интиҳои асри ХХ дар давоми ҳамагӣ чанд сол дар натиҷаи дигаргуниҳои амиқ ва бар асари равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ харитаи сиёсии ҷаҳон тағйир ёфта, як қатор кишварҳои соҳибистиқлол, яъне давлатҳои мустақили миллӣ арзи ҳастӣ намуданд, ки Тоҷикистони мо низ аз ҷумлаи онҳо буд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро 9 сентябри соли 1991 эълон намуд. Ҳар як кишвар барои худ фароҳам сохтани шароити мусоиди беруна баҳри таъмини манфиатҳои миллии он-сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо вазифаи асосии худ медонад.
Низоми навини равобити байналмилалӣ имрӯз ҷиддан тақозо дорад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтарин ҳадафҳои миллии худ, яъне таъмини истиқлолияту озодӣ, ҳифзи амнияту суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишварро дар асоси стратегияи фарогир ва санҷида амалӣ намояд.
Татбиқи масъулона ва муваффақонаи ин сиёсат боиси боз ҳам тақвият ёфтани мавқеи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пазируфта шудани ташаббусҳои кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Яъне Тоҷикистон мақоми шоистаи худро дар олами зудтағйирёбандаи муосир таҳким бахшида, ҳамагуна ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои хориҷӣ ва ҷаҳон ҷонибдорӣ менамояд.
Равандҳои ҷаҳонишавӣ, бахусус дар соҳаи иқтисод ба андозаи баробар ба манфиатҳои ҳамаи давлатҳо – бузург ва хурд, муқтадир ва камнуфуз, инчунин сарфи назар аз мавқеи ҷуғрофии онҳо таъсир мерасонанд. Дар натиҷаи ин раванд вазъи иҷтимоии шаҳрвандони як мамлакат, аз як тараф аз фаъолияти ҳукумати он кишвар вобаста бошад, аз тарафи дигар аз таъсири рӯзафзуни омилҳои беруна дар канор намемонад.
Имрӯз сад шукри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ, ки Тоҷикистони азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозаргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст.
Тоҷикистон дар ибтидои асри ХХ1 ҳамчун кишвари соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бо дарназардошти манфиатҳои олии давлат ва миллати тоҷик такмил дода, ба сӯи ҳадафҳои дурнамои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ давра ба давра рушд меёбад. Бояд зикр кард, ки дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ мо бояд пеш аз ҳама ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва давлатдории миллиамонро таҳким бахшида, ҳамеша ба хотири сулҳу суботи кишвар ва оромии ҷомеа саъю талош намоем.
Аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ солҳои зиёде мегузарад, мо аз он шоду масрурем, ки ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Вале барои хифзи хамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми ҷомеа, махсусан роҳбарони сатҳҳои гуногун маҳсуб мешавад.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффакиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои Истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.
Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истикрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллати сохибистиклоламон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон барҳақ фармудаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиклол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Албатта, ҳама ин дастовардҳо ва комёбиҳои назаррас аз Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва оромию осоиштагии Тоҷикистон сарчашма мегиранд ва мо бояд аз воқеаҳои ҷаҳон ибрат гирифта, сулҳу ваҳдат ва ягонагии кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Мо боварӣ дорем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субот, оромӣ ва Ваҳдати миллӣ абадан боқӣ монда, ҳар як шаҳрванди баору номус бо азму иродаи созанда дар пешрафту шукуфоии он саҳми арзандаи хешро мегузорад. Поянда бод ваҳдати миллии тоҷикон!