ПОЙДОРИИ СУЛҲУ СУБОТИ ҶОМЕА – КАФИЛИ ТИНҶИВУ АМОНӢ

Ҳаёти орому осудаи ҷомеа барои равона намудани нерӯ ва тавонои барои созандагиву бунёдкорӣ мусоидат менамояд, ки заминаи муҳими рушди ҷомеа – суботи сиёсиву эътимоднокии давлатиро шаҳодат медиҳад. Вагарна, халалдории оромиву осудагии ҷомеа боиси коҳиш ёфтани суботи ҷомеа мегардаду хавфи эҳтимолии рукудро ба вуҷуд меоварад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди ватандӯсту меҳанпараст мебояд дар суботи ҷомеа саҳмгузор бошаду нисбат ба баъзе равандҳои муваққатии номатлуб бефарқ набошад.

Моҳҳои охир дар манотиқи Бадахшон, алалхусус дар маркази маъмурии он – шаҳри Хоруғ гурӯҳи авбошпешагон бо сардории Муҳаммадбоқири кӯтоҳандеш вазъи сиёсӣ – иҷтимоии маҳалро ноором сохта фаъолияти мақомотҳои қудратии давлатро фалаҷ сохтанӣ шуданд. Муқовимати беақлонаи тӯдаи авбошони Боқирро бо сабабҳои барои ҳамагон маълум бархе аз мардуми таҳҷоӣ ва ҳатто нафарони ватангадо аз Аврупо ҷонибдорӣ намуданд, ки нишонаи мавҷудияти лоиҳаи тарҳрезишудаи хоҷагони хориҷиро инъикос менамояд. Аммо, аксарияти мардуми соҳибмаърифату соҳибфарҳанги Бадахшон сиёсати одилонаю оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро якдилона дастгирӣ намуда амалҳои ҷинояткоронаи тӯдаи авбошони муштзӯри аблаҳонро қотеъона маҳкум карданд, ки исботи равшанзамирии мардуми бохиради Бадахшони сар ба фалак афрӯхта мебошад.

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар манотиқи Бадахшон шаҳодати пойдории сулҳу суботи ҷомеа, ногусаста будани онон аз манотиқи дигари кишвар ва эътимод ба давлатдории Тоҷикистон мебошад, ки баръало мушоҳида гардид. Хусусиятҳои маҳаллии ороиши дастурхон, пухтани суманак, рақсу бозиҳои помирӣ ва суннатҳои дигари наврӯзии мардум хеле ҷолибу нотакрор буд, ки фараҳбахш баргузор гардид. Чунин ҷараёни ҷашн гувоҳии оромиву суботи ҷомеа ва назари некбинона ба ояндаи пурсаодат мебошад, ки воқеан хеле возеҳ садоқати мардум ба Ватани худро инъикос намуд.

Дар василаи ҷашни Наврӯз ҷорӣ гардидани тартиботи ҷамъиятӣ ва идома ёфтани мароми босуботи мақомотҳои давлатӣ хеле рамзӣ буда, ҳиссиёти ифтихор аз ватандориро нерӯи тоза мебахшад. Бори дигар исбот гардид, ки ҳаракатҳои хоҷагони ифротгарои хориҷӣ баҳри ноором сохтани кишвари соҳибистиқлоламон зоеъ рафту танҳо тӯдаи аблаҳон бадному шарманда шуданд. Мардум эътимоди қавӣ пайдо карданд, ки якпорчагии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ ва оромиву суботи ҷомеа арзишҳои олии инсонӣ мебошад, ки насиби онҳо гардидааст. Сарҷамъиву якдилии мардуми кишвар нерӯи тавоноест, ки мебояд ҳамеша баҳри созандагиву бунёдкории Ватан равона намуд.

Имрӯзҳо вазъи ҷомеа дар Бадахшон орому ҳаёт бо мароми худ ҷараён гирифта истодааст ва мардум бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлолияти давлатӣ баҳри шукуфоии Ватан – Модар фаъолона талош карда истодаанд.

Ф.МАМАДҶОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *