ПИСТАИ БЕМАҒЗ АГАР ЛАБ ВО КУНАД РАСВО ШАВАД

Хушбахтона, имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик дар давлати осоишта, дар фазои сулҳу оромии босубот зисту зиндагӣ дораду ба қадри ҷонфидоии қаҳрамонони Ватан мерасанд.

Тоҷикистони мо ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, мақому манзалати хешро дар арсаи ҷаҳонӣ дорост. Тоҷикистон гарчанде ҷавон бошад ҳам, тавонист масъалаҳои дохилидавлатии худро ҳал намуда, фазои орому осударо ба миён орад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли начандон дароз имрӯз миёни садҳо давлатҳои рӯи олам нуфузу шӯҳраташро ҳамчун як давлати мустақил пайдо намуддааст. Ин ҳама шону шӯҳрати миллати мо бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззаму хирадманд ба даст омадааст. Аз ин ҷост, ки ба хотири аз пеш беш намудани тинҷиву ороми дар кишвар давлату ҳукумат тибқи дастури Сарвари давлат камар бастаанд.

Як масъаларо бояд хуб дарк кунед, ки Пешвои миллат барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳатто аз ҷони худ гузашт мекунад. Ва он суханони бемаънои дар баёния дарҷ гардида, ҳама бӯҳтон асту ягон осоре аз ҳақиқати ҳол дарак намедиҳад. Дуруст аст, ки мақомотҳои марбута алайҳи ҷинояткорон дар вилояти Бадахшон мубориза бурда истодааст. Ин тадбирҷӯии Сарвари давлат, ба хотирест, ки мардум аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷинояткорон эмин бошанд.

Ҳимоятгари  ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдастии мардуми сарсабзу сарфарози тоҷик, пойдории сулҳу салоҳи миллат ва рушду тараққиёти давлат ва зиндагии шоистаи халқ моем. Мардуми ин сарзамин, сарзамине, ки як порчаи он ватан ном дораду як каф хоки он бароямон арзиши воло дошта, муқаддастарин неъмати рӯи дунёст. Аммо таассуфовар он аст, ки бархе аз нафарони нотавонбин  ин қадар арзишу муқаддасоти миллиро, ки барои ба даст оварданаш ҳазорҳо нафарони бошахсият дар роҳи ба озодиву демократия баровардани миллати тоҷик ҷони худро фидои сарзамини биҳиштосо намуда, имрӯзи босаодати моро хостанд, пушти по зада истодаанд. Ин нафарони ба мисоле, ки аз “пашша фил” сохта вазъияти дохили кишварро аз кадом як давлатҳои Аврупо истода, шабакаҳои интернетиро барои бесуботу бенизом сохтани ҷомеаи мо васеъ истифода кардаанд. Ва ба ин тариқа ҳарчанд хостаанд, вазъияти кунунии минтақаи Бадахшонро бардурӯғ баён доштаанд. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ин афродони нобакор намояндагони “Паймони миллии Тоҷикистон”, ки дар асл як тӯдакашони босмачии ТЕТ ҲНИ ҳастанд. Нашри баёнияҳое, ки тариқи сомонаи “Паём нет.” Паҳн сохтаанд, танҳо дурӯғи маҳс асту халос. Ва агар аз ҷониби дигар назар андозем ҳамаи ин суханони ибрознамудаи ин наҳзатиҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки кӯрнамаку хиёнаткоранд. Барои ҳамин арзишҳои миллиро нодида мегиранд ва то қадаре, ки метавонанд ба осоиштагии халқи мо халал ворид менамоянд. Дар ҷавоби ин вазифаи мо дар он аст, ки ба ҳамаи ин суханони “дилсӯзона”-и онҳо фирефта нашуда, бар ба бари давлату ҳукумат истода, барои бартараф намудани сатҳи ҷинояткорц дар вилоят саҳм гузорем.

Ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ДИС ДДТТ
Оқилова Муҳибахон

Омӯзгори калони кафедраи математикаи олӣ ДПДТТХ
Рахимов Амон Акпарович

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *