Пирӯзӣ муборак, варзишгарони далер!

Аз санаи 23 октябр то санаи 15 ноябри соли равон спартакиадаи донишҷӯён байни макотиби таҳсилоти олии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар ин спартакияда 70-нафар донишҷӯёни ДИС ДДТТ иштирок намуданд. Дар спартакиадаи мазкур донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 400102т Сайфиев Бахтиёр аз рӯи намуди гуштини тарзи озод ҷои аввалро гирифт. Ҳамчунин донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 250103Аа Ахмедов Тӯйчибег аз рӯи 2-намуд дар варзиши сабук ҷои аввалро соҳиб гардид. Холов Раҳмат донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 250107р аз руи намуди варзиши сабук ҷои аввалро соҳиб гардид.

 Дар маҷмӯъ 3-нафар донишҷӯёни донишкада дар спартакиадаи вилоятӣ ҷои аввалро соҳиб гардида, ба спартакиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

 Дар спартакиадаи ҷумҳуриявӣ, ки аз санаи 5-ноябр то 25 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 400102т Сайфиев Бахтиёр дар намуди гуштини тарзи озод ҷои 2-юмро сазовор гардид.

Ахмедов Тӯйчибег донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 250103Аа бошад, дар се намуди варзиши сабук ҷои 1-ум 2-юм ва 3-юмро сазовор гардид. Холов Раҳмат донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 250107р бошад дар намуди варзиши сабук ба гирифтани ҷои 2-юм мушараф гашт.

Сорбони Гулмурод,
мутахасиси бахши варзиши ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *