Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.

Истилоҳи «ваҳдат» маънои васеъ дорад. Пеш аз ҳама, он ягонагӣ, якто, иттиҳоду сарҷамъиро ифода менамояд. Ваҳдати миллӣ бошад, ягонагии тамоми мардуми ягон миллатро дар ақидаву афкор ва созандагиву бунёдкорӣ таҷассум менамояд.

Дар ҷаҳони пуртаззоди муосир Ваҳдати миллӣ ягона воситаи дар  таърих санҷидашудаи муросову оштии миллатҳо мансуб гардида, намунаи олӣ ва барҷастаи он Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Умуман, агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем, мебинем, ки тоҷикон таърихан халқи ваҳдатсаро ва сулҳҷӯй мебошанд. Муносибати подшоҳи сосонӣ Анушервони Одил бар раияташ, вазирони ӯ, канизону наздиконаш аз намунаи барҷастаи сиёсатмадорӣ ва давлатдорӣ дониста шудааст. Ҳатто пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар яке аз аҳодиси хеш фармуда, ки: «Ман мефахрам аз он, ки дар замони шоҳи одил (Анушервон дар назар дошта шудааст) тавлид шудаам», гувоҳи арҷгузории «муаллими башарият» бар одиливу давлатдории ниёгони мост. Бесабаб нест, ки файласуф ва донишманди олмонӣ Фридрих Энгелс даврони давлатдории Сосониёнро «Шоҳигарии ботартиб» унвон карда буд. Ин ҳама далели хирадмандӣ ва ваҳдатофаринии халқи бошарафи мост, ки дар асрҳои баъдина, аниқтараш, дар муносибати байни шоҳ Исмоили Сомонӣ бо бародараш Наср мо идомаи анъанаи неки тоҷиконро мушоҳидҳа мекунем. Чун Исмоил аз андозсупорӣ ба хилофати араб саркашӣ мекард, бародараш Наср, ки волии Бухоро буд, ӯро дар ин амалаш муттаҳам карда, чандин маротиба бо вай ҷангид. Дар ҳамаи набардҳо Исмоил пирӯз мешуд, вале бародарашро намекушт, сарнагун намесохт ва ё бар вай фармонровоӣ намекард. Ин, пеш аз ҳама, характери тоҷикона доштани ӯро собит менамояд. Яъне тоҷик бар сари бародари худ теғ накашидааст ва ё бар ӯ зулм намекунад! Маҳз дар ҳамин поя анъана ва арзишҳои милливу ғояҳои давлатдории тоҷикон густариш меёбад.

Ба даст омадани Сулҳ ва Ваҳдати миллии тоҷикон баъд аз ҳазор соли бедавлативу бенавоӣ, расидан ба Истиқлолияти комили давлатӣ, рушду нумӯи иқтисодиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама пойдории сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон, ҳама далели хирадмандии мо, алалхусус Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Хизматҳои беғаразонаи Сарвари давлат дар назди халҷу миллат фаромӯшнопазиранд. Эмомалӣ Раҳмон кафили сулҳу оромӣ ва амнияту рушди мамлакати мо ҳастанд. Ин андеша раднопазир аст, зеро он касро халқ меситояд ва чунин давлатдорон дар таърихи халқи мо ангуштшуморанд.

Масъалаи пойдории сулҳ ва таъмини рушди соҳаҳои гуногуни минбаъдаи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бар дӯши ҷавонон аст. Бо дарки ин омил ва мусоидат барои рушди ҷавонон Сарвари давлат соли 2017-ро Соли ҷавонон ва соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом доштанд, ки ин дар меҳвари пуртӯғёни ҳодисаҳои ҷаҳони муосир дар ҳифзу бехатарӣ ва рушду инкишофи ҷомеаи мо беҳтарин ва олитарин андеша хоҳад буд.

Ваҳдати миллӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеаи мо заминаи воқеан асосӣ ва ҳалкунанда бозид. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гарчанде ки пас аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омада бошад ҳам, Ваҳдати миллӣ барои комилан ба он ноил шудан мусоидат кард. Ин дастоварди халқи мо, бешубҳа, падидаи фаромӯшнопазири таърихи миллат ба ҳисоб меравад. Дар васфи Ваҳдати миллӣ ва сулҳи тоҷикон чандин сиёсатмадорону адибон, таҳлилгарону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ андеша иброз кардаву шеъру тарона сурудаанд. Бошад, ки Ваҳдати миллии мо беҳтарин  таронаи Истиқлолият гардидаву солиёни зиёд чун идеали намуна ба наслҳои оянда тараннум гардад.

Каёнуш КАЛОНОВ, омӯзгори ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *