ПЕШГИРИИ ХАТАРИ УМУМИБАШАРӢ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНАРО ТАҚОЗО МЕНАМОЯД!

Мусаллам аст, ки беш аз чор даҳа вазъи сиёсии Афғонистон на танҳо ба равандҳои дохилӣ, балки ба маҷмӯи равандҳои сиёсӣ иқтисодӣ, амнияти минтақа пайванд гардидааст.Ҷангҷӯёни ин гурӯҳ на танҳо дар минтақа, балки дар миқёси ҷаҳон низ хатари содир кардани ҳамлаҳои террористиро доранд. Дар иртибот ба ин қайд кардан зарур аст,ки Сарвари кишварамон барои ба низом даровардани вазъи кишвари ҳамсоя борҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳодҳои саривақтӣ кардаанд. Воқеан барои ҷасорату ташаббуси Пешвои муаззами миллат, ки барои манфиати тоҷикони бурунмарзӣ ва барқарор гаштани сулҳу субот барои ҳаммиллатонамон мекунанд, воқеаи нодир аст. Бо ифтихор бояд қайд кард,ки Сарвари кишвар дар ҳолати ниҳоят ҳассос ҷасорат карданд, ки бо роҳи музокирот масъала ҳалли худро ёбад ва дар ҳолате, ки дигар давлатҳо нисбати ҳаракати “Толибон” мавқеи худро пинҳон медоштанд ва ҳол низ бархе кишварҳои абарқудрат муайян нест! Ҳол он ки Сарвари тоҷикони ҷаҳон ошкоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар сатҳи чорабинии байналмилалӣ- Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавқеи Тоҷикистонро зикр карданд. Сарвари давлатамон пас аз ҷаласаи сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай тайи як изҳорот бар масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи хос дода, таъкид намуданд, ки мо бо изтироби зиёд изҳор кардем, ки Афғонистон дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад. Дар ин бора, пеш аз ҳама, маълумоти СММ шаҳодат медиҳанд. Баробари ин ҳоло бояд ба ин нукта диққат дода шавад, ки бетарафии дигарбораи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба моҷарои Афғонистон ва манфиатҷӯйии кишварҳои алоҳида дар ин сарзамин метавонад оқибатҳои фоҷиаборе дар пай дошта бошад. Ё ба таъкиди Сарвари кишвари мо: «Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тулонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиабори аз ҷиҳати миқёс баробар бо ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад».
Имрӯз нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Ягона роҳи ҳалли ин масъала имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *