ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН САНАДИ РОҲНАМО ДАР РУШДИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ КИШВАР

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16 декабри соли 2025 яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян намуда, вазифаҳои калидии рушди ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ ва таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёдро барои солҳои минбаъда муқаррар мекунад. Ин Паём ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ нақши муассир дорад.

Як нуқтаро бояд қайд кард, ки пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар банди якуми моддаи 69-и Конститутсия, ки дар он салоҳиятҳои Президенти Тоҷикистон ифода ёфтааст, чунин омадааст: «Президент самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад».

Агар мо аз нигоҳи усулӣ моҳияти Паёмҳои Президенти Тоҷикистонро баён намоем, пас онҳо ифодакунандаи вазъи воқеии натиҷаи солонаи ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии ҷумҳурӣ буда, ҷанбаи барномавӣ, натиҷагирӣ, руҳбаландкунандагӣ ва ҳамгироикунандагӣ доранд. Асосан, Паёмҳо ифодакунандаи натиҷаи ноил гардидани мардуми ҷумҳурӣ ба ҳамон чор ҳадафи стратегӣ мебошанд, ки муҳтавои он аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ҳамасола мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Паёми Президенти Тоҷикистон аз 16 декабри соли равон ифодагари ҳамин хусусият буд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Ҳамчунин дар Паёми имсолаи Пешвои миллат масъалаи таҳкими волоияти қонун ҳамчун асоси давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд таъкид гардид. Пешниҳодҳои марбут ба рақамикунонии идоракунии давлатӣ, коҳиш додани таъсири омили инсонӣ дар муносибатҳои молиявию маъмурӣ ва густариши пардохтҳои ғайринақдӣ ба баланд бардоштани шаффофият, пешгирии коррупсия ва таъмини адолати ҳуқуқӣ равона шудаанд. Ин равандҳо ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ мебошанд.

Паём зарурати таҳияи як қатор санадҳои нави меъёрии ҳуқуқиро ба миён мегузорад. Аз ҷумла, таҳияи қонун дар бораи сиёсати аграрӣ, бостоншиносӣ, стратегияҳои рушди бозори сармоя, соҳаи алоқа ва истифодаи зеҳни сунъӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки барои мутобиқсозии қонунгузории миллӣ ба шароити муосир равона шудаанд. Қабули чунин санадҳо ба танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Дар Паём масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандон мавқеи хос доранд. Баланд бардоштани музди меҳнат, индексатсияи нафақаҳо, рушди бозори меҳнат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кафолатҳои иҷтимоии давлатро тақвият мебахшанд. Ин тадбирҳо ба амалисозии ҳуқуқ ба меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва сатҳи арзандаи зиндагӣ мусоидат намуда, уҳдадориҳои конститутсионии давлатро ифода мекунанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар Паём зарурати ташаккули заминаи мукаммали ҳуқуқиро дар ин самт таъкид менамояд. Пешниҳодҳо оид ба таҳияи стратегияҳои соҳавӣ, таъсиси корпоратсия ва марказҳои зеҳни сунъӣ заминаи ҳуқуқии истифодаи технологияҳои навро фароҳам оварда, ҳамзамон масъалаҳои ҳифзи маълумот, амнияти иттилоотӣ ва масъулияти ҳуқуқиро ба рӯзномаи сиёсати ҳуқуқии кишвар ворид мекунанд.

Бояд қайд кард, ки дар ибтидо дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба ду масъалаи муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ андешаронӣ карданд, ки ин дастоварди беназир дар соли 2025 ба шумор мераванд.

Якум ин баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки моҳи марти соли 2025 доир гардид. Воқеан интихобот маъракаи муҳими сиёсиест, ки дар шароити давлати соҳибистиқлоли демократӣ воситаи асосии иштироки халқ дар идоракунии давлат ва рушди ҷомеа мебошад.

Дуввум дастоварде, ки он ҳам ба моҳи марти соли равон рост омада буд, ба имзо расонидани санадҳои муҳим байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба сарҳади давлатии ду ҷумҳурӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба мебошад. Кушодашавии сарҳади байни ду давлат қадами бузург дар сиёсати хориҷии мамлакат ба шумор меравад. Ҳамзамон дар ҷашни байналмилалии Наврӯз – 31 марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд иштирок намудани сарони се давлати ҳамҷавор – Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ва қабули Эъломияи Хуҷанд дар ин рӯзи таърихӣ, бозгӯе аз таҳкими дӯстӣ, ҳамҷавории нек ва рушди муносибатҳои байнидавлатӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дастовардҳое, ки мардуми Тоҷикистон бо сарварии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар даҳсолаи охир ба даст овардаанд, аз ҷониби Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таҳлил ва баррасӣ гардиданд. Пеш аз ҳама, бояд иброз намуд, ки дастовардҳои ноилгардида натиҷаи заҳмату талошҳои мардуми шарафманди ҷумҳурӣ мебошанд, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ борҳо таъкид гардиданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади сиёсӣ, балки ҳуҷҷати дорои аҳаммияти баланди ҳуқуқӣ мебошад, ки самтҳои асосии қонунэҷодкунӣ ва амалияи ҳуқуқиро муайян месозад. Иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда ба такмили низоми ҳуқуқии миллӣ, таҳкими қонуният ва болоравии фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа мусоидат менамояд.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ҳамчун санади стратегӣ ва роҳнамо дар рушди сиёсати ҳуқуқии кишвар хизмат мекунад. Он заминаи устуворро барои ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мутобиқсозии қонунгузории миллӣ ба равандҳои муосири ҷаҳонӣ фароҳам меорад.

Маҳмудов Ш. У.,
мудири шуъбаи кадрҳо
ва корҳои махсуси ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *