Паёми Пешвои миллат – раҳнамои аҳли ҷомеа

Аҳли ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёну кормандон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ тамошо карда, аз суханрониҳои пурмуҳтавои Сарвари кишвар баҳравар гардиданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз Маҷмааи Давлатии «Кохи Сомон» тавассути шабакаҳои радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон мустақиман пахш гардид.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *