ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА НАҚШИ БОНУВОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳуҷҷати раҳнамунсоз – Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтироми хос ва самимияти бепоён дар бораи нақш ва мақоми занон дар ҷомеа сухан ронда, таъкид доштанд, ки “нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад”.
Ба ин маънӣ, имрӯз зани тоҷик натанҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз ҳама шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаи бунёдгари давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократии мост. Ҷомеаи имрӯзаи на танҳо Тоҷикистон, балки кулли сайёраро бе зан тасаввур намудан имконнопазир мебошад, зеро бонувон дар тамоми соҳаҳои илмӣ – фарҳангӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ, сиёсӣ, техникӣ саҳмгузор ҳастанд ва аз замонҳои қадим сар карда,то имрӯз баробари мардон дар рушду нумӯи ҳаёти аҳли башар нақши дастони зан – модар дида мешавад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам тақвияти мақому манзалати занон пайваста ғамхорӣ менамояд. Барои ба таври шоиста баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаро аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва пешниҳод намоянд. Дар доираи татбиқи ин санади муҳим масъалаи ҷалби занон ба корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои занон, тайёр намудани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавондухтарон, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ намудани фавти модару кӯдак ва риояи ҳуқуқҳои баробари занону мардон ба эътидол оварда мешаванд.
Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд. Имрӯз дар кишвари азизамон танҳо бонувоне, ки ба илмҳои дақиқ сарукор мегиранд, як бону ба ҳайси Академики Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду нафар узви ин Академия, 24 нафар докторони илм, 95 нафар номзадҳои илм, 63 нафар докторантони РhD ба қайд гирифта шуданд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 116 нафар докторҳои илм ва 1124 нафар номзади илм, дар вилояти Суғд 12 нафар докторони илм, 336 нафар номзадҳои илм аз ҳисоби занон фаъолият доранд. Дар вилояти Суғд шумораи умумии кормандони соҳаи маориф ва илм аз ҳисоби занон 48891 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбати соли гузашта 622 адад зиёд мебошад. Дар макотиби олии вилоят 39398 нафар, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 276 426 нафар духтарон бо илм фарогир шудаанд. Боиси зикр аст, ки сол то сол шумораи олимаҳо, роҳбарони муассисаҳои илмиву таълимӣ (ректору муовини ректор, директору декан, мудирони озмоишгоҳҳову кафедраҳо) зиёд мегарданд.
Ба маврид аст аз суханони ҳикматомӯзи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шавем, ки дар ҳаққи бонувон баён доштаанд: “Мо бо такя ба нексириштӣ ва азму талошҳои созандаи занон, ки воқеан илҳом ва тавонбахши ҷомеа мебошанд, Тоҷикистони азизи худро ба як давлати ободу зебо, пешрафтаву мутамаддин ва демокративу дунявӣ табдил хоҳем дод”. Занону модарони тоҷик бо покиву ҳамидагӣ, таҳаммулу хушрафториашон гули сари сабад ва намунаи ибрати дигаронанд. Зиндагинома ва фаъолияти доманадори онҳо дар ҷабҳаҳои мухталифи халқ, саҳми назаррасу беназирашон дар рушду нумӯи илму фарҳанг, маърифату заковати баландашон дар роҳи таълиму тарбияи наслҳо дар руҳияи ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳуввияти миллӣ, намунаи олии ҳаёти солим ва пурифтихори дирӯз, имрӯз ва фардост. Дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолат раҳнамои рўзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли ҷавонон худогоҳу бомаърифат бошанд. Соҳибмаърифатии ҷомеа аз мо – занону духтарон вобастагии калон дорад. Ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат ва давлату Ҳукумат вазифаҳои мо – занону бонувонро барои тарбияи насли худогоҳу хештаншинос, тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир муайяну мушаххас менамояд. Шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода хеле хуб фармудааст:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

АҲРОРОВА Г. У.,
муовини директор оид ба

тарбия ва рушди ҷавонон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *