Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми дастовардҳои Ҳукумати ҷумҳуриро таҳлил намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои оянда бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда пешниҳод намуда, халқи меҳнатқарини тоҷикро ба сўи саодат раҳнамоӣ намуданд.
Дар Паёми хеш Пешвои миллат ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, илму маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои тахсилот, ҷалби истеъдодҳои ҷавон ба омўзиши технологияи муосир, забономўзӣ ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф аст.
Пешвои миллат барҳақ таъкид намуданд, ки авзои зудтаѓйирёбандаи ҷаҳони имрўза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгў ба талаботи рўзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омўзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омўзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Тарбияи инсони сазовори ҷомеаи имрўза басо мураккаб буда, дар Паём Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар ҳамаи қисмҳои ҳаёти ҷамъият бо дастгирии Ҳукумати мамлакат муҳити ахлоқии ба ташаккули шоистаи насли наврас, насли нави ояндасоз, ба пешрафти ҷаҳони муосир мувофиқаткунанда муҳайё карда шуд ва шуда истодааст. Акнун бояд ба сифат аҳамият диҳем: “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Мо ҳар як фарди солимфикрро зарур аст, ки аз рўи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат амал карда, фарзандон – насли нави ояндасозро бо одобу ахлоқи ҳамида ба воя расонем ва дар руҳияи ватандўстию ифтихори миллӣ, Ваҳдату ягонагӣ ба амалҳои ободкорию бунёдкорӣ раҳнамун намуда, ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро сазовор пешвоз гирем.
Барҳақ Пешвои миллат таъкид намуданд: «Ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрўзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем».
Мо ҳидоятҳи Сарвари давлатамонро сармашқи кори хеш қарор дода, барои ободии ватани азизамон сарбаландона заҳмат мекашем.
Раҷабов Р., Раҷабов Н., устодони ДИС ДДТТ