Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нави замони Истиқлол буда, ҳоло ба ҳукми анъана даромада, ҳар сол он ба парлумони кишвар аз ҷониби Сарвари мамалакат ироа мегардад.
Паём ин санади сарнавиштсоз, роҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди усувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас мегардад.
Дар Паём имсола мутобиқ бо талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо роҳу усулҳои навтарин амалӣ шудани барномаи рушди кишвар дар асоси 30 соли истқлолият ва вазифагузориҳо барои солҳои 2022-2026 муайян шудааст. вобаста ба ҷабҳаҳои матраҳгардида, аз ҷумла оид ба масоили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Паёми навбатииПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзишу хулосабарорӣ қарор дода, қайд кардан ҷоиз аст. Чунончӣ, аз диди сиёсӣ Паём пурра воқеияти сиёсии на танҳо дохилӣ, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ дар бар гирифта, мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба рӯйдоду ҳодисоти соли охир дақиқ муайян намуд. мо зимни андешаи хеш, бахусус оид ба масоили вазъи сиёсии чомеаи муосир иброз намуда, қайд кард, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол аз ҷиҳати мавқеи географии худ ва аз диди геополитикӣ дар минтақаи бархӯрди манфиатҳои абарқудратро ҷойгир буда, авзои нигарокунадаи сиёсии ҷаҳон ва минтақа қарор дорад. Феълан, бо нисбатан мӯътадил гардидани авзои сиёсӣ дар кишварҳои Сурия ва Ироқ, хатари дар Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ ва ноором намудани минтақа ба назар мерасанд.
Зимни суханронии хеш Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон имруз вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд. Таъкид шуд, ки зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд. Чунончи Пешвои муаззами миллат дар сатҳи чорабинии байналмилалӣ – Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) , ки соли чори дар шахри Душанбе доир гардид, аввалинҳо шуда, оид ба эътидол овардани авзои Афғонистон тасмими шоистаро роҳандозӣ намуданд. Пешвои тоҷикони ҷаҳон аз оғози сар задани низоъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон хоҳони бо роҳи мулоқот ва музокирот ҳал кардани низоъҳо буданд. Дар ҷаласаҳои СҲШ ва СААД таклифҳои дилсӯзонаи Пешвои миллат садо доданд, ки барои ба низом даровардани вазъи кишвари ҳамсоя пешниҳодҳои саривақтӣ карданд. Бинобар ин имруз ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд ба вазъияти сиёсии давлати Афғнистон бетараф бошанд.Барои пешгирии вайроншавии ҳуқуқҳои мардум бояд бо ҳокимияти кунунии ин кишвар гуфтушунидҳо барқарор намуда, кӯмакҳои молиявии худро суроғавӣ дареғ надоранд ва бетарафиро касб накарда,аз коғазу арзу баён ба амал гузаранд. Дар робита ба ин масоил Сарвари давлат дар ҷараёни Паём ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки дар доираи имкон барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намояд. Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои марбутаи байналмилалӣ имкониятҳои васеи логистикии худро дар ин ҷода пешниҳод кардааст.Ҳоло шаш пули дар замони соҳибистиқлолӣ дар сарҳадоти ду кишвар бунёдгардида барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон фаъолият карда истодааст
Ин мавқеъ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созандаро рох монад, ки бо ҳамин сабаб Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетафовут буда наметавонад. Чунин арзёби намудани масоил доир ба муносибатҳои байналмилалӣ бори дигар собит менамояд, ки обрӯю нуфузи сиёсиву байналхалқии Тоҷикистонро густариш ёфта, масъалаҳои стратеияи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва минтақа амиқтар эҳсос мегардад, ки бе шубҳа ин амал, алалхусус дар қаламрви Осиёи Марказӣ барои пешгирии терроризм ва экстремизм мусоидат хоҳад кард. Умуман дар марҳалаи кунунӣ оид ба тадбирҳои муассири кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ, дар ин раванд зарурати ҳамгироии бештари ҷумҳурӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин муҳимияти роҳандозии ҳамкориҳои фарогир қайд карда шудааст.
Аз нуктаҳои ҳуҷҷати муҳим – Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок истифода бурда, дар пешравию шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон саҳмгузор бояд шуд. Ин нияту нақшаҳо аз ҳар як фарди шахрванди кишвар заҳмати содиқона ва софдилонаро ба хотири тақвият бахшидан ба иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон талаб менамояд. Бинобар ин ҳар яки мо бо ҳисси баланди миллӣ, иродаи қавии хеш Ватани муқаддаси худро ҳифз карда, онро боз ҳам обод намоем, Нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бадошта, бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намоем. Бо изҳори чунин умедҳои нек баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Сарвари мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон зикр ёфтааст, тамоми кӯшишу ғайрати хешро беш аз беш равона менамоем.
М. МАМАДҶОНОВА,
ассистенти кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ