ПАЁМ РОҲНАМОИ МО

Барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи маориф, мутобиқ намудани раванди таълим ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ шарти муҳим ва аввалиндарҷа маҳсуб меёбад. Барои мутобиқ намудани раванди таҳсил ба талаботи замони муосир бо назардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ қабл аз ҳама зарурати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони баландихтисос ба миён омадааст. Бо ин мақсад дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳаи маориф диққати авалиндараҷ дода, ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор додааст. Дар ин замина таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба соҳаи маориф беш аз пеш афзуда, маблағгузорӣ низ ба он ҳамсола бештар мегардад. Баланд бардоштани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудан ба аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, бахусус, забонҳои русиву англисӣ аз муҳимтарин тадбирҳо ба ҳисоб меравад, ки ин масъалаҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21. 12. 2021 таъкид гардиданд. Барои тадбиқи амалии ин нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба миён гузошта шуда, масъулон вазифадор гардиданд, ки дар ин самт бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ намоянд.

Амалӣ намудани тадбири муҳими дигар барои ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ таҳияи лоиҳаи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ аз сӯи Вазорати маориф ва илм тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар сурати татбиқи амалии ин тарҳ раванди таҳсил дар ҳама зинаҳои таҳсилот боз ҳам беҳтар хохад шуд.

Маврид ба таъкид аст, ки эълони солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» низ аз шумули тадбирҳои муассир дар самти расидан ба рушди бесобиқаи соҳаи маориф ва дар ин замина омода намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи замони муосир ҷавбгӯй ба шумор меравад.

Ф.МАМАДҶОНОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *