ПАСТТИНАТИ ДУНТАБИАТИ БЕШАРАФИ РУБОҲСИФАТ

Таҳлилҳо собит менамояд, ки солҳои охир, яке аз резахӯрони дастархони Кабирӣ афроди бешарафи дурӯя Муҳаммадиқболи Садриддин, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда баромад намуданаш ба назар мерасад. Масалан барномаи навбатиаш, ки 16 сентябри соли ҷорӣ тавассути сомонаи “Ислоҳ нет” пахш шуд, мисли пешина пур аз туҳмату буҳтон буд. Дар аксар дасисаҳои ин барнома маводе ба мушоҳида мерасад, ки муаллифони он аз нафароне маҳсуб меёбанд, ки пешрафти кишвари азизи моро нодида мегиранд. Ногуфта пайдост, ки ин ходимони зархариди кишварҳои хориҷӣ бо маблағҳои ҳангуфт ва ҷалби нафароне чун Кабирию Муҳаммадиқбол ва думраваш Беҳрӯзи Тағойзода мехоҳанд бо нашру баромади матлабҳои гуногундошта кишвари моро зери таҳдид қарор диҳанд. Кас аз дидани барномаи “Минбари мухоҷир” сараввал гумон мекунад, ки масоили муҳоҷирон баррасӣ мешавад, вале баръкас суханҳои подарҳаво, машғули гапҳои беҳуда шуда, нисбат ба роҳбарият ва миллату давлат ғайбату иғвоангезӣ менамояд. Ба Муҳаммадиқбол- пасттинати дунтабиати бешарафи рубоҳсифат савол дода мешавад, ки ин барномаро ў барои инъикоси худнамоишӣ, ҷусутуҷӯи айбҳои мардум ва зишт нишон додани миллати тоҷик таъсис додааст ё дигар масъалаҳо. Ин амалҳое, ки М.Садриддин анҷом медиҳад, хоинона буда, аз журналистикаи ноб фарсахҳо дур аст. Хулоса, нақшаҳои баде, ки хоинони миллат- роҳбарону масъулони фирории ТЭТ ҲНИ доранд, ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад гашт. Мо, ҷавонон низ намегузорем ба оромии кишвари азизамон аз тарафи ин шахсиятҳои манфур халале ворид шавад.

Дар тӯли 32 соли Истиқлоли давлатӣ мо ба дастовардҳои зиёд ноил гардидем. Имрӯз кишвари мо бо бисёре аз давлатҳои ҷаҳон робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дорад, ки ин барои пешрафти кишвар мусоидат мекунад. Мо дар воқеъ бо кишвари азизи худ меболему менозем ва шукрона аз ин бахту саодат мекунем. Имрӯз дар ҷаҳон чандин миллатҳое вуҷуд доранд, ки соҳиби давлат, забон, марзу бум, парчам ва нишони худ нестанду арзишҳои миллиашон ба боди фаромӯшӣ рафтааст. Дар баробари ин имрӯз давлатҳои ҷангзадае ҳастанд ба мисли Афғонистон, ки ба сулҳу субот, Истиқлол ва осоиштагии миллати тоҷик ҳавас доранд, шаҳрвандони онҳо дар шароити ғайриинсонӣ бо азобу машаққатҳои зиёд ва пур аз хатару таҳлука умр ба сар мебаранд. Фарзандонашон аз илму маърифат дур монда, бо яъсу ноумедӣ ба воя мерасанд, ки хеле дилгир шудаанд. Ин давлатҳо тинҷиву осоиштагиро баҳри худ чун обу ҳаво зарур мешуморанд ва бар он нохалафҳое, ки онҳоро ба ин рӯз расониданд ҳазорҳо лаънат мегӯянд. Мардуми азиятдидаи тоҷик, ки маротибае ин рӯзҳои пуртаҳлукаро аз сар гузаронидаанд ҳаргиз намехоҳанд, ки кишвари азизашон бори дигар гирифтори ингуна нобасомониҳо шавад. Аз ин рӯ мо ҷавонони саодатманди даврони Истиқлол баҳри рушду нумӯи кишвар ва ҳифзи асолати таърихӣ камари ҳиммат баста, намегузорем, ки афроде ба ин рӯзгори пурсаодати халқ нохушӣ орад.

Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор
ҷавонони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *